Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камол Алиспоҳич: "...аз касе тарс надорем"


Имрӯз дар варзишгоҳи “Дашрат”-и пойтахти Непал бозии марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати AFC миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор мешавад.

Ин бозии гурӯҳи “В”соати 16-у 15 дақиқа ба вақти Душанбе оғоз меёбад. Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Кореяи Шимолӣ ва Филиппин рақобат хоҳанд кард. Ин бозӣ соати 14.15 шурӯъ мешавад.

Барои ба даст овардани як роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2015, ки дар Австралия баргузор мешавад, ҳашт даста мубориза мебарад. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд.

Ба гурӯҳи “А” дастаҳои Непал, Фаластин, Молдив ва Туркманистон дохиланд. Дар бозиҳои нахустин даври мусобиқа, ки рӯзи 8-уми март баргузор шуданд, Туркманистон бар Молдив бо ҳисоби 3:1 ва Фаластин бар Непал бо ҳисоби 2:0 ғалаба карданд.

Коршиносон гурӯҳи “В”-ро гурӯҳи “марг” меноманд. Зеро ба ин гурӯҳ ҳарсе дастаи ғолиби мусобиқоти пешин – Тоҷикистон (2006), Ҳиндустон (2008) ва Кореяи Шимолӣ (2010) дохиланд.

Қабл аз оғози мусобиқа дар Непал нишасти матбуотӣ бо ширкати сармураббиёни дастаҳо баргузор шуд.

Камол Алиспоҳич, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, “даста ба мусобиқа хуб омодагӣ дидааст. Ҳамаи бачаҳои мо ба муҳориба тайёранд. Нимҳимоятгар Хуршед Маҳмудов ва ҳимоятгар Эраҷ Раҷабов, ки лат хӯрда буданд, ба тамрин шурӯъ карданд. Гурӯҳи мо дар марҳилаи аввал аз ҳама зӯр аст. Мо ҳар кадом рақибамонро эҳтиром мекунем, вале аз касе тарс надорем. Чунин меҳисобам, ки ҳамаи дастаҳо барои ба даври баъдӣ ё плей-офф роҳ ёфтан имкон доранд. Бисёр чиз аз бозии аввали мо бо Ҳиндустон вобаста аст. Рақибамон дастаи пурқувват мебошад, вале мо тамоми кӯшишу ғайратамонро ба кор мебарем, ки Ҷоми даъватро хуб оғоз кунем.”

Савио Мадейра, сармураббии тими миллии Ҳиндустон, мегӯяд, “дастаи мо ба Ҷоми даъват дар Дубай омодагӣ дид. Дар ҷараёни ҷамъомади таълимиву тамринӣ ду бозии дӯстона анҷом додем. Аз тими Умон бо ҳисоби 1:5 ва аз мунтахаби Озарбойҷон бо ҳисоби 0:3 мағлуб шудем. Вале дар бозиҳои дӯстона шикаст хӯрдан беҳ аз он аст, ки дар бозиҳои расмӣ мағлуб шавӣ. Дастаи мо аз ҷиҳати ҷисмонӣ хуб омода аст. Ман бовар дорам, ки ба рақибонамон муқобилияти сахт нишон медиҳем. Албатта, мо ба Непал мисли дигар дастаҳо барои Ҷом омадаем. Мунтахаби Кореяи Шимолиро муддаии аслии Ҷоми даъват меҳисобам.”

Ҳанс Михаэл Вайсс, сармураббии тими миллии Филиппин, гуфтааст, “барои ширкат дар Ҷоми даъват дастаи мо тавонист ҳамаи бозигарони зӯртарин, минҷумла, легионерҳоро, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Исландия, Олмон, Ҳолланд ва Инглистон бозӣ мекунанд, ҷамъ оварад. Вазифаи мо аз гурӯҳ баромадан аст.”

Юн Ҷонг СУ, сармураббии тими миллии Кореяи Шимолӣ, мегӯяд,“табиист, ки дар назди дастаи мунтахаби мо вазифаи нигоҳ доштани Ҷоми даъват гузошта шудааст. Вале ин кор хеле мушкил аст. Ҳоло ҳамаи дастаҳо баробар шудаанд, ҳама пурсамар бозӣ мекунанд.”
XS
SM
MD
LG