Мусобиқа аз рӯи ҳафт вазн сурат гирифт. Дар шаш вазн гуштигирони Душанбе - Шамсиддини Насрулло (55 кг), Фарҳод Усмонзода (60 кг), Инъом Инъомов (66 кг), Азамат Сӯфиев (74 кг), Салим Хоҷаев (84 кг) ва Эраҷ Холов (120 кг) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Танҳо дар як вазн намояндаи вилояти Хатлон Искандари Рустам (96 кг) ғолиб шуд.
Абдурозиқ Олимов, мураббии калони дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар қораи Осиё, ки авохири моҳи март дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона баргузор мешавад, барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон-2012 талош хоҳанд кард.
Ӯ афзуд, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар Николай Ноев (55 кг), Фарҳод Усмонзода (60 кг), Сомиршо Воҳидов ё Зелимхон Юсуфов (66 кг), Азамат Сӯфиев (74 кг), Юсуф Абдусаломов (84 кг), Искандари Рустам (96 кг) ва Эраҷ Холов (120 кг) дохиланд.