Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ дастаи беҳтарини Осиё – муддаии Ҷоми ҷаҳон-2014


Бозӣ миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Куриёи Шимолӣ дар шаҳри Хуҷанд,29-уми феврали соли 2012.
Бозӣ миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Куриёи Шимолӣ дар шаҳри Хуҷанд,29-уми феврали соли 2012.

Рӯзи 29-уми феврал бозиҳои даври охирини марҳилаи севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2012 дар минтақаи Осиё баргузор шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии охиринашро дар гурӯҳи “С” дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури беш аз 25 ҳазор тамошогар бо тими миллии Куриёи Шимолӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Ҷонг Сонг Ҳёк, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 53-юм аз пеналти ё ҷаримаи 11-метра ҳисобро боз кард. Баъди 8 дақиқаи Аҳтам Ҳамроқулов, ҳамлагари мизбонон, ҳисобро баробар намуд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “С” тими Узбакистон дар меҳмонӣ бар мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голро дар дақиқаи 53-юм Александр Шадрин ба самар расонд.
Ба ин тартиб, мунтахаби Узбакистон бо 16 имтиёз дар гурӯҳи “С” ғолиб шуд. Тими Ҷопон бо 10 имтиёз мақоми дувумро касб кард. Ҳарду даста ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд. Тими Куриёи Шимолӣ бо 7 имтиёз дар ҷойи севум ва дастаи Тоҷикистон бо як имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифтанд ва аз идомаи сабқат хориҷ шуданд.
Бозиҳои дигари даври охирини сабқати гурӯҳӣ бо чунин натиҷаҳо поён ёфтанд:

Гурӯҳи “А” - Ироқ - Сингапур - 7:1
Чин - Урдун - 3:1

Гурӯҳи “В” - Куриёи Ҷанубӣ - Кувайт – 2:0
Аморати Муттаҳидаи Араб – Лубнон - 4:2

Гурӯҳи “D” - Австралия - Арабистони Саудӣ - 4:2
Умон - Тайланд - 2:0

Гурӯҳи "Е – Эрон - Қатар – 2:2
Баҳрайн - Индонезия – 10:0


Мавқеи дастаҳо пас аз анҷоми сабқат дар гурӯҳҳо чунин аст:

Гурӯҳи “А”
1.Ироқ - 15 имтиёз, тӯбҳо 14-4
2.Урдун - 12 имтиёз, тӯбҳо 11-7

3.Чин - 9 имтиёз, тӯбҳо 10-6
4.Сингапур - 0 имтиёз, тӯбҳо 2-20

Гурӯҳи “В”
1.Куриёи Ҷанубӣ – 13 имтиёз, тӯбҳо 14-4
2.Лубнон - 10 имтиёз, тӯбҳо 10-14

3.Кувайт - 8 имтиёз, тӯбҳо 8-9
4.АМА - 3 имтиёз, тӯбҳо 9-14

Гурӯҳи “C”
1.Узбакистон - 16 имтиёз, тӯбҳо 8-1
2.Ҷопон - 10 имтиёз, тӯбҳо 14-3

3.Куриёи Шимолӣ – 7 имтиёз, тӯбҳо 3-4
4.Тоҷикистон – 1 имтиёз, тӯбҳо 1-18

Гурӯҳи “D”
1.Австралия - 12 имтиёз, тӯбҳо 12-5
2.Умон - 7 имтиёз, тӯбҳо 3-6

3.Арабистони Саудӣ - 5 имтиёз, тӯбҳо 6-7
4.Тайланд - 4 имтиёз, тӯбҳо 4-7

Гурӯҳи “Е”
1.Эрон - 12 имтиёз, тӯбҳо 17-5
2.Қатар – 10 имтиёз, тӯбҳо 10-
5
3.Баҳрайн - 9 имтиёз, тӯбҳо 13-7
4.Индонезия - 0 имтиёз, тӯбҳо 3-26

Даҳ даста – Урдун ва Ироқ (гурӯҳи “А”), Куриёи Ҷанубӣ ва Лубнон (гурӯҳи “В”), Узбакистон ва Ҷопон (гурӯҳи “С”), Австралия ва Умон (гурӯҳи “D”), Эрон ва Қатар (гурӯҳи “Е”) ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфтанд.

Вале дастаҳои Чин ва Сингапур (гурӯҳи “А”), Кувайт ва Аморати Муттаҳидаи Араб (гурӯҳи “В”), Куриёи Шимолӣ ва Тоҷикистон (гурӯҳи “С”), Арабистони Саудӣ ва Тайланд (гурӯҳи “D”), Баҳрайн ва Индонезия (гурӯҳи “Е”) аз ҳаққи идомаи мубориза барои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2012 маҳрум шуданд.

Ба ин тартиб 10 дастаи беҳтарини Осиё дар даври чаҳоруми марҳилаи интихобӣ ба ду гурӯҳ тақсим шуда, барои роҳхатҳо ба сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар Бразил рақобат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG