Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари нави Федератсияи футболи Душанбе


Хуршед Мирзоев

Хуршед Мирзоев раиси нави Федератсияи футболи шаҳри Душанбе интихоб шуд.

Ба иттилои Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон, раҳбари нави Федератсияи футболи пойтахти кишвар имрӯз, 24-уми феврал, дар конфронси ҳисоботию интихоботии Федератсияи футболи Душанбе интихоб гардид.

Хуршед Мирзоеви 28-сола, ки дар ин вазифа Мадвалӣ Исоевро иваз кард, узви кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ноиби президенти бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе мебошад. Анвар Мирзоев, собиқ дарвозабони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, муовини ӯ итихоб шуд.

«Таваҷҷӯҳи мо, аслан, ба фароҳам овардани шароит баҳри рушди футболи кӯдакону наврасон равона хоҳад шуд, - мегӯяд Хуршед Мирзоев. – Ба ин аҳдофи худ мо бо кӯмаки ҳукумати шаҳри Душанбе, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва мутахассисон ноил мешавем».

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG