Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе


Мусобиқаи минтақаи Душанбе барои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) шурӯъ шуд.

Дар ин мусобиқа ҳафт даста (панҷ дастаи лигаи олӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ССКА “Помир”-и Душанбе, “Энергетик”-и Душанбе, “Хайр”-и Ваҳдат, “Шодмон”-и Ҳисор, “Гвардия”-и Душанбе ва як тими лигаи якум - "Локомотив”-и Душанбе) ширкат доранд.

Натоиҷи бозиҳои даври аввал чунин аст: «Шодмон» - «Гвардия» - 1:1, ССКА «Помир» - «Энергетик» - 1:2, «Локомотив» - «Регар-ТадАЗ» - 0:3.

Бозиҳои минтақаи Душанбе дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и пойтахти кишвар то рӯзи 24-уми феврал идома хоҳанд кард.

Ҷоми ФФТ аз ду марҳила - минтақавӣ (Душанбе, Хатлон, Суғд) ва ниҳоӣ (Душанбе) иборат аст.

Маблағи ҷавоизи Ҷоми ФФТ 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷом 20 ҳазор сомонӣ супурда мешавад. Барои ҷойи дувум 15 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи севум 10 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум
12-уми феврал (якшанбе)


«Шодмон» - «Гвардия» - 1:1
ССКА «Помир» - «Энергетик» - 1:2 «Локомотив» - «Регар-ТадАЗ» - 0:3

Даври 2-юм
14-уми феврал (сешанбе)


10.00. ССКА «Помир» - «Хайр»
12.00. «Локомотив» - «Гвардия»
14.00. «Регар-ТадАЗ» - «Энергетик»

Даври 3-юм
16-уми феврал (панҷшанбе)


10.00. «Гвардия» - «Регар-ТадАЗ»
12.00. «Хайр» - «Локомотив»
14.00. «Шодмон» - ССКА «Помир»

Даври 4-ум
18-уми феврал (шанбе)


10.00. «Локомотив» - «Шодмон»
12.00. «Регар-ТадАЗ» - «Хайр»
14.00. «Энергетик» - «Гвардия»

Даври 5-ум
20-уми феврал (душанбе)


10.00. «Хайр» - «Энергетик»
12.00. «Шодмон» - «Регар-ТадАЗ»
14.00. ССКА «Помир» - «Локомотив»

Даври 6-ум
22-юми феврал (чоршанбе)


10.00. «Регар-ТадАЗ» - ССКА «Помир»
12.00. «Энергетик» - «Шодмон»
14.00. «Гвардия» - «Хайр»

Даври 7-ум
24-уми феврал (ҷумъа)


10.00. «Энергетик» - «Локомотив»
12.00. «Гвардия» - ССКА «Помир»
14.00. «Хайр» - «Шодмон».
XS
SM
MD
LG