Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Иван Яригин


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Голден Гран-при ба хотираи Иван Яригин, қаҳрамони дукаратаи олимпӣ, аз медалҳо бенасиб монданд.

Давраи 23-юми ин мусобиқаи байналмилалии гуштии озод миёни мардону занон, ки дар шаҳри Красноярск баргузор шуд, бо пирӯзии гуштигирони Русия ба анҷом расид.

Мизбонон 8 медали тилло, 8 нуқра ва 24 нишони биринҷӣ ба даст оварданд. Дастаи мунтахаби Ҷопон бо чаҳор медали тилло ва як нуқра дувум шуд.Тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо як медали нуқра ва се нишони биринҷӣ дар ҷои севум қарор гирифт.

Дар маҷмӯъ, варзишгарони ҳашт кишвар бо медалҳо мукофотонида шуданд. Ба ғайр аз се дастаи пешсаф, инчунин, паҳлавонони Украина (як тилло ва як биринҷӣ), Булғористон (як тилло), Муғулистон (як нуқра ва як биринҷӣ), Латвия (як медали нуқра) ва Қазоқистон (ду медали биринҷӣ) соҳибони медалҳо
гаштанд.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 150 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Фирӯзҷони Абдусамад (60 кг), Сомиршо Воҳидов (66 кг), Азамат Сӯфиев (74 кг), Юсуф Абдусаломов (84 кг), Искандари Рустам ва Фарҳод Анақулов (ҳарду - 96 кг) дохил буданд.

Ғолибони мусобиқа миёни мардон

55 кг

1. Ҷамол Отарсултонов (Русия)
2. Наримон Исрофилов (Русия)
3. Артас Санаа (Русия)
3. Александр Богомоев (Русия)

60 кг
1. Расул Муртазолиев (Русия)

2. Опан Сат (Русия)
3. Аҳмад Чакаев (Русия)
3. Булат Батоев (Русия)

66 кг
1. Аслон Гогаев (Русия)

2. Кхетип Тсаболов (Русия)
3. Сослан Рамонов (Русия)
3. Адам Ботиров (Русия)

74 кг
1. Денис Саргуш (Русия)

2. Адам Сайтиев (Русия)
3. Даурен Куруглиев (Русия)
3. Анвар Гедуев (Русия)

84 кг
1. Анзор Уришев (Русия)

2. Георгий Рубаев (Русия)
3. Муҳаммад Иброҳимов (Русия)
3. Анзор Балтукаев (Русия)

96 кг
1. Абдусалом Гадисов (Русия)

2. Иброҳим Саидов (Русия)
3. Ҷейк Варнер (ИМА)
3. Георгий Кетоев (Русия)

120 кг
1. Бахтиёр Аҳмадов (Русия)

2. Тервел Длагнев (ИМА)
3. Сослан Гаглоев (Русия)
3. Муҳаммадҳоҷӣ Нурасулов (Русия)
XS
SM
MD
LG