Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як замину ду харидор


Ҳукми Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон, як сокини ноҳияи Нурободро аз хоҷагии деҳқонӣ ва манзили зист маҳрум кард.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Абдураҳим Каримов, сокини ноҳияи Нуробод гуфт, замини хоҷагии деҳқоние, ки ҳоло даъво сари он аст, аз соли 1984 ба падараш тааллуқ дорад. Ӯ афзуд, хоҷагии деҳқонии «Абдураҳим», ки то соли 2010 бо номи хоҷагии деҳқонии «Орзу» фаъолият дошт, бо ҳукми Додгоҳи иқтисодӣ барҳам дода шуд.

Абдурраҳим Каримов мегӯяд: "То таъсиси ин хоҷагӣ мо андози хоҷагии деҳқонии «Орзу»-ро месупоридем ва баъдан хоҷагиро ба номи «Абдураҳим» сертификат кардем. Замини президентиро ҳам дар ҳамон хоҷагӣ якҷо кардем. Як нафар сокини Душанбе, ки солҳои 1945 ва 1950 гӯё аҷдодаш дар Нуробод замин доштааст, бидуни огоҳии мо, як қисми замини хоҷагии деҳқонии моро, «заминҳои аҷдодии мо» гуфта, симхор кашид. Мо барои ин амал ба додситон ва мақомоти Нуробод шикоят бурдем. Додситон амр баровард, ки симхорҳои даъвогар канда шаванд ва даъвои «моликияти аҷдодӣ»-ро ҳам рад карданд. Аммо, ҳоло даъвогари «замини аҷдодӣ» ба Додгоҳи иқтисодӣ шикоят бурдааст ва санадҳо тартиб додааст, ки замин аз ӯст ва додгоҳи иқтисодӣ ҳам даъвои ӯро пазируфт..»

Абдураҳим Каримов дар даст санади расмии хоҷагии деҳқонӣ ва манзили зисташро дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, тарафи дигари даъво ҳам санади расмии хоҷагии деҳқониро дорад.

Муаммо ин аст, ки санади хоҷагии деҳқонии «Абдураҳим» соли 2010 аз тарафи Кумитаи заминсозии ҷумҳурӣ дода шудааст. Дар ҳалномаҳои додгоҳи иқтисодӣ тарафи давогар, ки ҳамчун хоҷагии деҳқонии «Ш.Ҳасанов» нишон дода шудааст, санади расмиро соли 2007 аз Кумитаи заминсозии ҷумҳурӣ гирифтааст. Суоли матраҳ ин аст, ки агар хоҷагии «Ш.Ҳасанов» соли 2007 санади расмиро гирифта буд, пас чаро Кумитаи заминсозӣ баъди се сол хоҷагии «Абдураҳим»-ро ҳам санади расмӣ додааст?

Махфират Алиева, додраси Додгоҳи иқтисодӣ мегӯяд, ки ду марҳилаи додгоҳии даъвои хоҷагии деҳқонии «Абдураҳим» ва «Ш.Ҳасанов»-ро ӯ пеш бурдааст. Ба назари хонум Алиева, ҳукми Додгоҳи иқтисодӣ ҳам бар пояи санадҳое, ки «Ш.Ҳасанов» дошт, сурат гирифтааст.

Додгоҳи иқтисодӣ ҳукм баровардааст, ки Абдураҳим Каримов ба хоҷагии «Ш.Ҳасанов» беш аз 30 ҳазор сомонӣ, товон пардохт кунад ва манзили истиқоматии шаҳрванд Каримов аз замини ҳудуди хоҷагии деҳқонии «Ш.Ҳасанов» бардошта шавад.

Абдураҳим Каримов мегӯяд, ки рӯзи 26-уми январ кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ ба назди хонааш рафтанд, то "замини аҷдодӣ"-и «Ш.Ҳасанов»-ро холӣ кунад. Каримов, мегӯяд ҳоло замини президентиашро ҳам дар дохили замини хоҷагии деҳқонӣ аз даст додааст.

Аммо Амирхоҷа Ғойибназаров, раиси Додгоҳи иқтисодӣ ба "Озодӣ" дар робита ба бардоштани манзили зисти шаҳрванд Каримов аз замини даъвогӣ гуфт, ҳоло ин паҳлӯи масъала мавқуф гузошта мешавад. Зеро, марҳалаи дигари додгоҳӣ идома дорад.

Давлатов: «Омодаам кӯмак кунам»

Дар ҳамин ҳол Убайдулло Давлатов, вакили парлумони Тоҷикистон ва собиқ раҳбари Додгоҳи иқтисодӣ мегӯяд, ҳоло бояд рӯшан шавад, ки чаро Кумитаи заминсозӣ ба ду шаҳрванд санади заминро додааст. Вакил аз шаҳрванд Каримов хоҳиш кард, то унвонии парлумони кишвар ҳам барои расидагӣ ба ин масъала нома нависад, то онро дар ҷаласаҳои парлумон мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Убайдулло Давлатов гуфт, омодааст, ки ҳамчун вакил ва бо назардошти собиқаи корӣ дар ин самт, ба тарафҳо кӯмак намояд.
XS
SM
MD
LG