Довари ин мусобиқа Саодат Одинаева, мураббии мактаби махсуси шоҳмоти Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт: «Мусобиқа дар шаш гурӯҳ сурат гирифт ва дар рақобатҳо шатранҷбозони синнашон аз 8 то 20-сола ширкат варзиданд. Байни шатранҷбозони то 20-сола Мутрибаи Илҳом миёни духтарон ва Алишер Каримов
байни навҷавонон ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Инчунин Надим Очилов ва Нозанин Мирзоева (8-солаҳо), Шаҳром Салимов ва Суман Каримова (10-солаҳо), Синои Илҳом ва Муҳаррама Ҷонузоқова (12-солаҳо), Азиз Сайидшарофов ва Юлдуз Орифова (14-солаҳо), Аминҷон Қобилов ва Сарвиноз Каримова (16-солаҳо) мувофиқи синну соли худ ғолиб шуданд.»
Ба гуфтаи Саодат Одинаева, ғолибони мусобиқаи шаҳрӣ ҳуқуқ пайдо карданд, дар мусобиқаи ҷумҳуриявии шатранҷбозони ҷавон, ки моҳи март дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, иштирок намоянд.