Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми баландпояи Ал Қоида дар Покистон кушта шудааст


Мақомоти расмии Амрико ба матбуоти ғарбӣ гуфтаанд, ки як мақоми баландпояи Ал Қоида дар аввалҳои ҳамин моҳ дар амалиёти ҳавопаймои бесарнишини Амрико кушта шудааст. Як мақоми амрикоӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кардааст, ба хабаргузориҳои Ассошиейтед Пресс ва Ройтерз гуфтааст, ки 10 январ дар Покистон Аслам Овон кушта шудааст ва вай “барномарези амалиёти хориҷӣ” дар Ал Қоида будааст. Мақомоти расмии Покистон натавонистаанд куштори Асламро дар ҳамлае дар минтақаи марзии Вазиристони Шимолӣ таъйид кунанд. Вале мақомоти Амрико мегӯянд, ки кушташуда Аслам аст.
XS
SM
MD
LG