Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Султони Кабир" ба Восеъ меравад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Фаъолияти 7 бозори хурду бозург дар ноҳияи Восеъ манъ шуда, ба бозорҳои дигар иҷозаи фаъолият танҳо дар рӯзи якшанбе дода шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти ноҳияи Восеъ, бозорҳое фаъолияташон манъ ва маҳдуд шудааст, ки ҳар яке дар як рӯзи ҳафта, аз панҷшанбе то шанбе дар ҷамоатҳои гуногуни ноҳия дарҳои худро барои фурӯшандагону харидорон боз мекарданд.

Султон Валиев, раиси ноҳияи Восеъ мегӯяд, бархе аз ин бозорҳо, ки даҳсолаҳо боз фаъолият доштанд, ягон ҳуҷҷати расмӣ надошта, илова бар ин дар рӯзҳои корӣ хонандагону дигар коргаронро ба бозор ҷалб мекарданд. Аз сӯи дигар бархе ин бозорҳо ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набудаанд. Ин ҳама омилҳое ҳастанд, ки ба гуфтаи раиси ноҳия, боиси баста ва маҳдуд шудани фаъолияти бозорҳо шудааст.

«Ман барои чӣ бозорҳоро бастам? Барои он, ки аз соати 5-6-и саҳар хоҳари ману оилаи ман ё аз шумо дега гирифта барои отала кардан меравад. Ҳеҷ вақт ку, хоҳари ману шумо намеравад. Боз ҳамон бечораи камбағал меравад. Меравад, ҷои дастшӯи надорад, ба ягон талабот ҷавоб намегӯяд, чи хел он бояд фаъолият кунад?»

Ин қарори ҳукумати ноҳияи Восеъ бештари харидорон ва фурӯшандагонро нигарон кардааст. Ҷамолбӣ, фурӯшандаи бозори Ҳулбук мегӯяд, ҳар рӯзи ҷумъа ӯ аз фурӯши самбуса 50 сомонӣ даромад мегирифт ва ин хӯроки як ҳафтаинаи 5 фарзандаш буд. Ӯ мегӯяд, ду ҳафта боз бо сабаби бастани ин бозор, ӯ аз ризқи худ маҳрум шудааст.

Аксари харидорон низ бозорҳои басташударо беҳтарин бозор барои хариди худ медонистанд. Самад, як сокини деҳаи Гулистони Восеъ мегӯяд, бо бастани бозори деҳа, сокинон маҷбуранд, ки бо сарфи маблағи 8 сомонӣ ва вақти бештар ба маркази ноҳия бираванд.

Бастан ва маҳдуд кардани фаъолияти бозорҳо дар ҳолест, ки дар маркази ин ноҳия сохтмони бузургтарин маркази савдо мутаалиқ ба Аваз Кабиров, молики бозори фурӯши таҷҳизоти техникии «Султони Кабир» дар Душанбе дар арафаи анҷомёбист.

Коршиносон ин амалро ҷалби харидорони бештар ба бозорҳои марказӣ рабт медиҳанд. Билоли Шамс, рӯзноманигори маҳаллӣ пас аз пажӯҳиш ва сӯҳбат бо афроди гуногун низ ба чунин хулоса расидааст.
Ӯ мегӯяд, пас аз солҳои тӯлонӣ дидани айби бозорҳо ва бастани онҳо шубҳаовар аст ва ин ҷо манфиати касе сарфи назар нест. Аммо ба гуфтаи ин рӯзноманигор, бо чунин амал садҳо нафар дар шароити бӯҳронӣ бе ҷои кор монданд.

Вай афзуд: «Умуман, ин ҷо манфиати касе аз манфиати мардум боло истодааст. Чаро дар дигар солҳо бозорро набастанд ва маҳз имсол чунин айбҳо пайдо шуд? Мо ҳам ҷонибдорем, ки вазъи тозагиву фаъолияти қонунӣ дошта бошанд, аммо ба ин розӣ нестем, ки комилан онҳо баста шуда, садҳо нафар бе ҷои кор меонанд. Ба ҷои оне, ки ба мардум ҷои кори муҳаё кунанд, охирин ҷои кори онҳоро бастан хуб нест».

Ноҳияи Восеъ дар чаҳорроҳаи тамоми навоҳии минтақаи Кӯлоб қарор дорад ва аксари сокинони навоҳӣ хариду фурӯши худро дар бозорҳои ин ноҳия анҷом медиҳанд. Дар ин ноҳия 14 бозор фаъолият дошт, ки аксари онҳо танҳо дар як рӯзи ҳафта фаъол буданд.
XS
SM
MD
LG