Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти ақаллиятҳои қавмӣ аз музокира бо Толибон


Муҳаммад Муҳаққиқ
Муҳаммад Муҳаққиқ
Раҳбарони маъруфи ақалиятҳои қавмии Афғонистон мегӯянд, аз музокироти сулҳ бо Толибон бо миёнҷигии Амрико ҳимоят карда, низ мехоҳанд як ҷониби ин гуфтугӯҳо бошанд. Аъзои эътилофи ақалиятҳои қавмӣ баъди бозгашт аз анҷумани Берлин ва мулоқот бо раҳбарони конгресси Амрико чунин изҳори назар кардаанд. Муҳаммад Муҳаққиқ, раҳбари ҳазораҳои Афғонистон гуфт, “агар давлат ба музокирот иқдом кунад, мо ҳам бояд дар ин раванд бошем, чунки мо аз як бахши ин миллат намояндагӣ мекунем.” Толибон ахиран гуфт, ки дафтари сиёсии худро дар Қатар боз хоҳад кард. Ин ҷунбиш аз азмаш барои музокирот бо Амрико дарак дод, вале ҳанӯз рӯшан нест, ки оё ҷиноҳҳои дигари афғонӣ ба ин гуфтугӯҳо ҷалб хоҳанд шуд ё хайр.
XS
SM
MD
LG