Довари ин мусобиқа Саодат Одинаева, мураббии мактаби махсуси шоҳмоти Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт, «дар мусобиқа шатранҷбозони синнашон аз 8 то 20-сола ширкат меварзанд, ки миёни онҳо ғолибони мусобиқаи соли гузашта, ба мисли Мутрибаи Илҳом, Сарвиноз Каримова, Юлдуз Орифова, Умар ва Эраҷ Насриддиновҳо, Аминҷон Қобилов, Синои Илҳом ва дигарон ҳастанд. Нахуст шатранҷбозони хурдсол (8-10-сола) вориди рақобат шуданд.»
Мусобиқаи қаҳрамонии шатранҷбозони ҷавони шаҳри Душанбе дар шаш гурӯҳ то рӯзи 25-уми январ идома хоҳад кард.
Ба гуфтаи Саодат Одинаева, ғолибони мусобиқаи шаҳрӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд, дар мусобиқаи ҷумҳуриявии шатранҷбозони ҷавон, ки моҳи март дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, иштирок намоянд.