Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Роғун то салафиҳо...


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва раҳбари исмоилиёни ҷаҳон ҳини гузоштани таҳдоби як пул миёни Тоҷикистон ва Афғонистон

Соли 2011 сиёсатмадорон, чеҳраҳои шинохта, руҳониён ва мақомоти давлатӣ дар заминаи шарҳи таҳаввулоти муҳим хабарсоз шуданд.

Агар соли гузашта пураҳамияттарин изҳорот ба масоили фаротар аз Тоҷикистон ба мисли баста шудани роҳи оҳан аз тарафи Узбакистон ва талошҳои берун шудан аз инзивои иртиботӣ ё комуникатсионӣ рабт мегирифт, соли 2011 назарҳои муҳим бештар бар пояи мушкилоти дохилӣ баён шуданд.

Банду басти ҳукумат, сарнавишти муҳоҷирон, суиистифода аз дину оин, кеши худпарастӣ аз масъалаҳое буданд, ки дар соли равон аз ҳама бештар хабарсоз шуданд.

Албатта, дархости пофишоронаи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бо даъвати пуштибонии онҳо аз тарҳи "Роғун", ҳамоно дар сархати назарҳои хабарсоз қарор дорад.

Назарҳои хабарсоз дар соли 2011
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Шарҳҳоро бинед (21)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG