Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” ва “Регар” ҳарифони худро шикаст доданд


Рӯзи 14-уми декабр ду бозии мавқуфгузоштаи сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар бар тими мизбон - “Гвардия”-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 6:0 ғалаба кард.

Голҳои “Истиқлол”-ро Ҷаҳонгир Ҷалилов (дақиқаи 7-ум), Иброҳим Рабимов (25-ум), Давронҷон Эргашев (28-ум), Фарҳод Тоҳиров (47-ум), Юсуф Рабиев (48-ум) ва Соҳиб Саванқулов (дақиқаи 60-ум, ҷаримаи 11-метра) ба ҳадаф расонданд.

Бозии дигари мавқуфгузошта миёни дастаҳои “Энергетик”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рӯзи чоршанбе дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и пойтахти ҷумҳурӣ барпо гардид.

Дар ин бозӣ низ дастаи меҳмон - “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро Сафаралӣ Каримов дар нимаи аввали дидор ба самар расонд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот “Истиқлол” бо 96 имтиёз ва чаҳор бозии мавқуфгузошта дар ҷои аввал қарор дорад. “Регар-ТадАЗ” бо 95 имтиёз ва як бозии боқимонда дар ҷои дуюм мебошад. “Равшан”, ки бо 89 имтиёз сеюм аст, боз ду бозӣ анҷом хоҳад дод.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) бо 30 гол дар ҷои аввал мебошад. Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”) бо 27 гол дар ҷои дуюм аст. Комил Саидов (ССКА “Помир”) бо 21 гол дар ҷои сеюм қарор дорад.

Инчунин Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Регар-ТадАЗ”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) 20-голӣ, Габриэл Донто (”Энергетик”) 19 гол ва Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 17 гол задаанд.

Ба ин тартиб ҳафт даста бозиҳои мусобиқоти имсоларо ба анҷом расонд. Чаҳор дастаи дигар аз 1 то 4 бозии мавқуфгузошта дорад. Мавқеи дастаҳое, ки дар ҷадвали мусобиқот дар ҷойҳои аз 4-ум то охирин – 11-ум қарор доранд, сарфи назар аз натоиҷи бозиҳои боқимонда тағйир намеёбад.

Фаридун Солиев, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “дастаи “Истиқлол” дар мавриди пирӯзӣ дар бозии навбатиаш бар тими “Энергетик” рӯзи 17-уми декабр дар варзишгоҳи “Авиатор”, новобаста аз натоиҷи се бозии охиринаш бо “Равшан” (ду бозӣ) ва “Регар-ТадАЗ”, пешакӣ соҳиби медалҳои тилло ва унвони қаҳрамони Тоҷикистон хоҳад шуд. Дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан”, ки ҳадди ақал бо медалҳои биринҷӣ сарфароз мешаванд, барои дарёфти медалҳои нуқра талош доранд.”

Бозиҳои боқимондаи мусобиқот:

Даври 24-ум. 17 декабр (шанбе)
«Истиқлол» - «Энергетик»

Даври 40-ум. 21 декабр (чоршанбе)
«Равшан» - «Истиқлол»

Даври 29-ум. 24 декабр (шанбе)
«Истиқлол» - «Равшан»

Даври 25-ум. 28 декабр (чоршанбе)
«Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ»

Оғози бозиҳо – соати 13.00

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т/Т И
1. "Истиқлол" 36 31 3 2 118-15 96
2. "Регар-ТадАЗ" 39 30 5 4 108-26 95
3. "Равшан" 38 29 2 7 78-31 89
4. "Энергетик” 39 21 3 15 77-62 66
5. "Хайр" 40 17 3 20 61-59 54
6. ССКА "Помир" 40 16 4 20 65-69 52
7. "Хуҷанд" 40 15 6 19 56-72 51
8. "Вахш" 40 15 5 20 43-51 50
9. "Парвоз" 40 12 4 24 45-76 40
10. "Шодмон" 40 7 2 31 44-115 23
11. "Гвардия" 40 3 3 34 32-151 12
XS
SM
MD
LG