Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” ба ҷои аввал баромад


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бар тими ”Гвардия”-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 10:0 ғалаба кард.

Ин бозии мавқуфмондаи даври 32-юми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи 9-уми декабр дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Мизбонон дар нимаи аввали бозӣ шаш гол ва дар нимаи дуюм чор гол заданд.

Юсуф Рабиев, беҳтарин нишонзани мусобиқот 4 гол, Фарҳод Тоҳиров, 2 гол (яктоаш аз ҷаримаи 11- метра), Дилшод Восиев(пеналтӣ), Александр Кудрияшов, Нуриддин Давронов ва Давронҷон Эргашев як голӣ ба самар расонданд.

Баъди ин пирӯзӣ дастаи “Истиқол” бо 90 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот ба ҷои аввал баромад. Қаҳрамони феълии Тоҷикистон боз шаш бозии мавқуфмонда дорад.

Тимҳои “Равшан” ва “Регар” 89-имтиёзи ба даст овардаанд. Ба иллати он ки шумораи ғалабаи футболбозони Кӯлоб нисбат ба бозигарони Турсунзода як то зиёд аст, “Равшан дар ҷои дуввум ва “Регар” дар ҷои сеюм қарор доранд. “Равшан” ҳамагӣ ду бозӣ ва “Регар” се бози дигар анҷом хоҳанд дод.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) бо 26 гол дар ҷои аввал мебошад. Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол) бо 23 гол дар ҷои дуввум аст. Комил Саидов (ССКА “Помир”) 21-гол, Фозил Сатторов (“Равшан”) 20 гол, Габриэл Донто (”Энергетик”) ва Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Регар-ТадАЗ”) 19-голӣ, Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 17 гол ба самар расондаанд.
Бозиҳои боқимондаи мусобиқот:

Даври 35-ум. 10 декабр (шанбе)
ССКА «Помир» - «Регар-ТадАЗ»

Даври 34-ум. 11 декабр (якшанбе)
«Истиқлол» - «Шодмон»

14 декабр (чоршанбе)
«Энергетик» - «Регар-ТадАЗ»

Даври 35-ум. 15 декабр (панҷшанбе)
«Гвардия» - «Истиқлол»

Даври 24-ум. 18 декабр (якшанбе)
«Истиқлол» - «Энергетик»

Даври 40-ум. 21 декабр (чоршанбе)
«Равшан» - «Истиқлол»

Даври 29-ум. 24 декабр (шанбе)
«Истиқлол» - «Равшан»

Даври 25-ум. 28 декабр (чоршанбе)
«Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ»

Оғози бозиҳо – соати 13.00

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т/Т И
1. "Истиқол" 34 29 3 2 104-15 90
2. «Равшан» 38 29 2 7 78-31 89
3. "Регар-ТадАЗ" 37 28 5 4 103-25 89
4. "Энергетик” 38 21 3 14 77-61 66
5. "Хайр" 40 17 3 20 61-59 54
6. ССКА "Помир" 39 16 4 19 64-64 52
7. "Хуҷанд" 40 15 6 19 56-72 51
8. "Вахш" 40 15 5 20 43-51 50
9. "Парвоз" 40 12 4 24 45-76 40
10. "Шодмон" 39 7 2 30 44-107 23
11. "Гвардия" 39 3 3 33 32-145 12
XS
SM
MD
LG