Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати ду паҳлавони тоҷик дар “Judo Grand Slam”


Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, паҳлавони тоҷи
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, паҳлавони тоҷи

Мусобиқаи дзюдо бо номи “Judo Grand Slam” (“Тоскулоҳи бузурги дзюдо”) 9-уми декабр дар Ҷопон оғоз меёбад.

Дар ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ, ки аз 9-ум то 11-уми декабр дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио баргузор мешавад, ширкати ҳудуди 500 варзишгар аз 73 кишвари ҷаҳон дар назар аст.

Маҳмуди Абдуллоҳ, сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, “Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ду гуштигири маъруфи кишвар - Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кило ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни то 100 кило намояндагӣ мекунанд. Ин охирин мусобиқаи байналмилалӣ барои ба даст овардани имтиёзҳои олимпӣ дар мавсими имсола маҳсуб мешавад. ”

Дар толори варзишии Tokyo Metropolitan Gymnasium” тӯли се рӯз мардону занон дар 14 вазн (7 вазн мардон ва 7 вазн занон) қувваозмоӣ мекунанд. Маблағи ҷавоизи мусобиқот 154 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Рӯзи аввали сабқат – 9-уми декабр мардон дар вазнҳои 60 ва 66 кг, занон дар вазнҳои 48 ва 52 кг, 10-уми декабр мардон дар вазнҳои 73, 81 ва 90 кг, занон – 57 ва 63 кг, 11-уми декабр мардон дар вазнҳои 100 ва +100 кг, занон – 70, 78 ва +78 кг қувва меозмоянд.
XS
SM
MD
LG