Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Истиқлол” бар ССКА “Помир”


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бар тими ССКА ”Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Ин бозии мавқуфмондаи даври 30-юми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи 7-уми декабр дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ду голи “Истиқлол”-ро Фарҳод Тоҳиров дар дақиқаи 32-юм ва Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 51-ум ба ҳадаф расонданд.

Бозии мавқуфмондаи даври 40-уми мусобиқот дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров миёни тими мизбон - “Парвоз” ва “Энергетик”-и Душанбе сурат гирифт. Голи ягонаи Олим Ҳоҷиматов дар нимаи аввали дидор бозиро бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи “Парвоз” ҳал кард.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот “Равшан” бо 89 имтиёз ва ду бозии мавқуфмонда дар ҷои аввал қарор дорад. “Регар-ТадАЗ” бо 89 имтиёз (шумораи ғалабааш нисбат ба “Равшан” якто камтар аст) ва се бозии боқимонда дар ҷои дуюм мебошад. “Истиқлол”, ки бо 87 имтиёз сеюм аст, боз 7 бозӣ анҷом хоҳад дод.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) бо 22 гол дар ҷои аввал мебошад. Комил Саидов (ССКА “Помир”) ва Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”) 21-голӣ, Фозил Сатторов (“Равшан”) 20 гол, Габриэл Донто (”Энергетик”) ва Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Регар-ТадАЗ”) 19-голӣ, Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 17 гол ба самар расондаанд.

Бозиҳои боқимондаи мусобиқот:

Даври 32-юм. 9 декабр (ҷумъа)
«Истиқлол» - «Гвардия»

Даври 35-ум. 10 декабр (шанбе)
ССКА «Помир» - «Регар-ТадАЗ»

Даври 34-ум. 12 декабр (душанбе)
«Истиқлол» - «Шодмон»

14 декабр (чоршанбе)
«Энергетик» - «Регар-ТадАЗ»

Даври 35-ум. 15 декабр (панҷшанбе)
«Гвардия» - «Истиқлол»

Даври 24-ум. 18 декабр (якшанбе)
«Истиқлол» - «Энергетик»

Даври 40-ум. 21 декабр (чоршанбе)
«Равшан» - «Истиқлол»

Даври 29-ум. 24 декабр (шанбе)
«Истиқлол» - «Равшан»

Даври 25-ум. 28 декабр (чоршанбе)
«Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ»

Оғози бозиҳо – соати 13.00

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т/Т И
1. "Равшан" 38 29 2 7 78-31 89
2. "Регар-ТадАЗ" 37 28 5 4 103-25 89
3. "Истиқлол" 33 28 3 2 94-15 87
4. "Энергетик” 38 21 3 14 77-61 66
5. "Хайр" 40 17 3 20 61-59 54
6. ССКА "Помир" 39 16 4 19 64-64 52
7. "Хуҷанд" 40 15 6 19 56-72 51
8. "Вахш" 40 15 5 20 43-51 50
9. "Парвоз" 40 12 4 24 45-76 40
10. "Шодмон" 39 7 2 30 44-107 23
11. "Гвардия" 38 3 3 32 32-135 12
XS
SM
MD
LG