Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Тимошенко ду ҳафта зудтар шурӯъ мешавад


Хонум Тимошенко дар зиндон
Хонум Тимошенко дар зиндон
Мурофиаи додгоҳии Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини Украина аз вақти пешбинишуда ду ҳафта зуддтар оғоз мешавад. Дар ин бора Сергей Власенко-вакили мудофеи Тимошенко, ки ҳамзамон намояндаи порламони Украина низ ҳаст, ба рӯзноманигорон хабар дод. Вай гуфт, мурофиа на 13 декабр, балки 1 декабр оғоз мешавад. Власенко афзуд, ба эҳтимоли зиёд худи Тимошенко ба сабаби беморӣ дар ин мурофиа наметавонад ширкат кунад. Вакилони мудофеи вай мегӯянд, ки Тимошенко бемор аст ва наметавонад роҳ равад. Вале вазорати беҳдошти Украина мегӯяд, ки Тимошенко аз ҳеҷ гуна бемории ҷиддӣ ранҷ намебарад.
XS
SM
MD
LG