Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Равшан”-у “Истиқлол” дар сабқати Лигаи олӣ


Бозиҳои даври 44-уми сабқати Лигаи олии Тоҷикистон пас аз зӯҳри 29-уми ноябр поён ёфтанд.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бар тими мизбон -- “Вахш” бо ҳисоби 2:0 пирӯзӣ ба даст овард. Дар нимаи аввали бозӣ ҳисобро Комрон Саидов боз намуд ва голи дуввумро Исмоил Шонов дар нимаи дуввуми дидор ба самар расонд

Вале дар нимаи дуввум ҳамлагари "Равшан" Фозил Сатторов аз ҷаримаи 11-метра истифода карда натавонист. Тӯби задаи ӯро дарвозабони "Вахш" Рустам Ризоев баргардонд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахт бар тими “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 9:0 пирӯз шуд. Дар ин бозӣ Фарҳод Тоҳиров се гол зада, хет-трик кард. Юсуф Рабиев ва Фатҳулло Фатҳуллоев 2-голӣ, Нуриддин Давронов ва Александр Кудряшов 1-голӣ заданд.

Дар бозии дигари даври охирин ССКА “Помир”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар тими “Парвоз” бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Ҳарду голро Комил Саидов (голи аввал аз ҷаримаи 11-метра) ба ҳадаф расонд.

Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд бидуни бозӣ бар “Хайр”-и Ваҳдат, ки аз мусобиқот хориҷ шудааст, бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб дониста шуд.

Бозии ин давр миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Шодмон”-и Ҳисор, ки пешакӣ баргузор шуда ва бо ҳисоби ҳафт бар сифр ба фоидаи дастаи “Регар-ТадАЗ” поён ёфта буд.

Ба ин тартиб, тими “Равшан” мисли пешин бо 89 хол аз 38 бозӣ дар ҷои аввал қарор дорад. Футболбозони ин даста ду бозии охиринро бо “Истиқлол” дар Душанбе ва дар майдони худ анҷом хоҳанд дод.

“Регар-ТадАЗ” бо 77 хол аз 33 бозӣ дар ҷои дуввум аст. “Истиқлол”, ки аз ҳама камтар, яъне 29 бозӣ кардааст, бо 75 хол дар ҷои севвум мебошад.

Мубориза барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои мусобиқот миёни пешсафон идома хоҳад ёфт.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Комил Саидов (ССКА “Помир”) бо 21 гол ба ҷои аввал баромад. Фозил Сатторов (“Равшан”) ва Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) 20-голӣ задаанд. Габриэл Донто (”Энергетик”) ва Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”) 19-голӣ, Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) ва Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Регар-ТадАЗ”) 17-голӣ ба самар расонидаанд.

Бозиҳои мавқуфмондаи мусобиқот рӯзи 1 декабр миёни дастаҳои “Вахш”- “Истиқлол”; 2 декабр миёни тимҳои “Парвоз” -“Регар-ТадАЗ” баргузор хоҳанд шуд. Инчунин, 3 декабр ду бозӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд”- “Энергетик”, “Истиқлол”- “Вахш”; 6 декабр ССКА “Помир”- “Истиқлол”, “Хуҷанд”- “Регар ТадАЗ” ва 7 декабр “Парвоз”- “Энергетик” барпо мегарданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:


Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

"Равшан"

38

29

2

7

78-31

89

2.

"Регар-ТадАЗ"

33

24

5

4

91-24

77

3.

"Истиқлол"

29

24

3

2

83-15

75

4.

"Энергетик”

35

19

3

13

71-59

60

5.

"Хайр"

35

17

3

15

61-44

54

6.

ССКА "Помир"

38

16

4

18

64-62

52

7.

"Хуҷанд"

38

15

6

17

54-66

51

8.

ахш"

38

15

5

18

43-45

50

9.

"Парвоз"

38

11

4

23

44-73

37

10.

"Шодмон"

39

7

2

30

44-107

23

11.

вардия"

38

3

3

32

32-135

12

XS
SM
MD
LG