Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтаринҳои футболи Осиё дар соли 2011


Беҳтаринҳои соли 2011-ум бо ҷоизаҳои Конфедератсиюни футболи Осиё мукофотонида шуданд.

Маросими мукофотсупорӣ дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур баргузор шуд.

Сарвар Ҷабборов, нимҳимоятгари бошгоҳи футболи «Ал-Шабоб»-и Арабистони Саудӣ ва дастаи мунтахаби Узбакистон, беҳтарин бозигари Осиё дар соли 2011-ум гардид. Ҷабборови 29-сола барои бори дуввум соҳиби ин ҷоиза шуд. Ӯ аз ин пеш соли 2008-ум беҳтарин футболбози қора гардида буд.

Конфедератсиюни футболи Осиё, инчунин, беҳтаринҳоро аз рӯи дигар номинатсияҳо бо ҷоизаҳо сарфароз гардонд:

Беҳтарин бозигари ҷавон – Хидике Ишите (17-сола, Ҷопон, «Симидзу С-Палс»)

Беҳтарин футболбоззан – Ая Мияма (Ҷопон, «Окаяма Бел»)

Беҳтарин футболбоззани ҷавон – Кэётлин Фурд (17-сола, Австралия, «Сидней»)

Беҳтарин довар - Равшан Ирматов (Узбакистон)

Беҳтарин довар-зан - Ямагиши Сашико (Ҷопон)

Беҳтарин мураббӣ – Норио Сасаки (мунтахаби занонаи Ҷопон)

Беҳтарин мунтахаби мардона – Ҷопон, мунтахаби занона – Ҷопон

Беҳтарин дастаи сол – «Ал-Садд» (Қатар)

Беҳтарин бозигари футзал - Муҳаммад Кишоварз (Эрон)

Беҳтарин дастаи футзал – «Нагоя» (Ҷопон)

Беҳтарин созмони футбол – Ҷопон

Фейр-плей – Кореяи Ҷанубӣ

Дастаи мунтахаби мардонаи рамзии Осиё-2011: Кавашима (Ҷопон, "Лерс"), Ҳусейнӣ (Эрон, "Сипоҳон") – Денисов (Узбакистан, "Днепр") – Нил (Австралия, "Ал- Ҷазира) – Нагатомо (Ҷопон, "Интер"), Ҷабборов (Узбакистон, "Ал- Шабоб") – Некӯном (Эрон, "Осасуна") – Макото (Ҷопон, "Волфсбург"), Ал-Хатиб (Сурия, "Умм Салал") – Чу Йанг (Кореяи Ҷанубӣ, "Арсенал") - Кюэлл (Австралия, "Мелбурн Виктори").

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG