Агарчӣ дар матбуоти Русия шиорҳои зиддитоҷикӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ камтар ба гӯш мерасад, аммо аҳзоби сиёсӣ ҳамчунон аз ин фурсати мусоид барои ба даст овардани сармояи сиёсӣ баҳра мебаранд.
БО ЯК ТИР ДУ НИШОН...
Наталя Юдина, коршиноси маркази “Сова”, як созмони мӯътабари мудофеъи ҳуқуқ дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, қазияи халабонҳои рус аз ҷумла ба болотар бурдани обрӯи ҳизби ҳокими Русия кӯмак кардааст:
“Сиёсатмадорони Русия хостанд, бо як тир ду нишон бизананд, яъне ба мардуми дохил нишон бидиҳанд, ки мо масъалаи муҳоҷиронро ҳал мекунем ва зӯр ҳастем. Ҳукумати Русия бисёр хост, ба шаҳрвандонаш нерӯи худро нишон диҳад, ки мо сахтгир ҳастем ва метавонем посухи сазовор диҳем. Шояд аз ин кор як сармояи сиёсӣ ба даст оварданд, вале ҳадафи аслӣ нишон додани нерӯ буд.”
"БАРГА"-И МУҲОҶИРОНРО КӢ ИСТИФОДА МЕБАРАД?
Семён Чарний, коршиноси Маркази мудофеъи ҳуқуқи инсон дар Маскав низ мегӯяд, миллатгароиву масъалаи муҳоҷиронро барои роҳ ёфтан ба парлумони Русия на ҳамаи ҳизбҳо, аммо чанд ҳизб истифода мекунанд.
Ҳизби Либерал Демократи Русия мавзӯъи миллатгароиро бисёр фаъолона истифода мекунад ва ин мавзӯъи марказӣ дар корзори интихоботии онҳост. Агарчӣ баъзан талош мекунад, ки аз масъалаи миллатгароӣ фосила бигирад ва мегӯяд, ҳадафи онҳо боло бурдани ҳисси шаҳрвандӣ аст, аммо дар воқеъ шиорҳои миллатгароёнаи онҳо, дурушт ва зидди аққалиятҳост, ки аз ҷумла дар шиорҳои зидди муҳоҷирон маълум мешавад.
Дар ҷойи дуввум Ҳизби Коммунистии Русия аст, ки он ҳам кӯшиш дорад, бо миллатгароӣ бозӣ кунад, вале ба коммунистҳо ин чиз муяссар намешавад. Аз тарафи Ҳизби Русияи Боадолат низ масъалаи муҳоҷирон ба ҳадде доман зада мешавад.
БЕГОНАСИТЕЗӢ БА НАФЪИ РУСИЯ НИЗ НАХОҲАД БУД
Наталя Юдина мегӯяд, давлати Русия аз тарси ҳодисаҳои майдони Манеж дар аввали ҳамин сол, ки тундтар шудани рӯҳияи миллатгароиро дар кишварро нишон дод, истифода аз шиорҳои миллатгароӣ ва вуруди аҳзоби миллатгарои ифротӣ ба Думаи давлатиро мамнӯъ кард, аммо талошҳо бенатиҷа будаанд. Ба гуфтаи ин коршиносон, Русия, кишвари гуногунмиллат ва муҳоҷирпазир аз кишварҳои шӯравии собиқ аст, тайи солҳои ахир худ шоҳиди авҷ гирифтани бегонаситезӣ шудааст ва истифода аз шиорҳои миллатгароёнаву муҳоҷирбадбинӣ метавонад, бар зарари худи Русия бошад.
Наталя Юдина мегӯяд: “Моҷарои халабонҳо ва муҳоҷирон албатта ба нафъи миллатгароёни ифротӣ аст. Аксарияти шаҳрвандони Русия узви ҳизбе нестанд, вале ба ҳадде андешаҳои бегонаситезӣ доранд ва ҳоло мебинанд, ки давлат ҳам мисли онҳо фикр мекунад ва аз ин сабаб ба гурӯҳҳои миллатгаро рӯ меоранд. Ҳукумат ҳақ дорад, ки сиёсати сахтгиронаи муҳоҷиратиро амалӣ кунад, вале бояд шарҳ диҳад, ки чаро ин сиёсат бояд сахтгирона бошад. Аммо ин сиёсат набояд дар қиболи фақат як ақаллият сурат бигирад. “
"МАЪРАКАИ АХИР КОРИ ХУДРО КАРД..."
Семён Чарний, коршиноси Маркази мудофеъи ҳуқуқи инсон дар Маскав мегӯяд, бо хотимаи моҷаро бар сари қазияи халабонҳои рус, агарчӣ оташи маъракаи ахири ба қавли ӯ эҳтиёткоронаи матбуотӣ алайҳи Тоҷикистону муҳоҷирони тоҷик ба тадриҷ фӯру менишинад, аммо ин маърака кори худро кард.
Возеҳ аст, ки бегонаситезӣ дар Русия боз ҳам авҷ мегирад, ки ин паёмади аслии ҳамон маърака аст. Бегонаситезии зиёд, ки монеъи ризоияти миллӣ мешавад, дар кӯчаҳо, ҳамлаҳо зиёд мешаванд.
Наталя Юдина мегӯяд, агар дар маърака ҳадаф як ақаллият бошад ҳам ақаллиятҳои дигар ҳам аз он эмин нахоҳанд монд ва аз ҷумла ақаллиятҳои миллиии худи Русия, ки бисёр зиёданд ва мушкилашон ҳам кам нест.