Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии “Регар” ва “Истиқлол” бидуни гол хотима ёфт


25-уми ноябр ду бозии даври 43-юми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Бозии марказии ин давр миёни муддаиёни унвони қаҳрамонӣ - дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Истиқлол” дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол ба охир расид.

Иброҳим Рабимов, нимҳимоятгари “Истиқлол”, дар дақиқаи 80-ум аз ҷаримаи 11-метра истифода карда натавонист. Тӯби задаи ӯро дарвозабони мизбонон Шоён Шариатӣ, легионери эронӣ, баргардонд.

Бояд гуфт, ки сардовари ин бозӣ Раҳмон Муртазоев (Душанбе) ба бархе аз бозигарони ҳарду даста корти зард нишон дод. Давронҷон Эргашев, ҳимоятгари “Истиқлол”, ки дар дақиқаи 88-ум бори дуввум огоҳӣ гирифт, инчунин, Давронҷон Тухтасунов, ҳамлагари “Регар-ТадАЗ”, дар дақиқаи 89-ум аз бозӣ хориҷ шуданд.

Дар бозии дигар дастаи “Энергетик”-и Душанбе дар майдони худ тими “Шодмон”-и Ҳисорро бо ҳисоби 4:2 ( натиҷаи нимаи аввали бозӣ – 2:2) мағлуб кард. Голҳои “Энергетик”-ро Шавкати Ҳотам, Шодибек Ғаффоров, Зафархон Мирзоев ва Шуҷоат Неъматов ба ҳадаф расонданд. Ду голи “Шодмон”-ро Маҳмадсаид Бобомуродов ва Мӯҳсиддин Мӯҳсиддинов заданд.

Вале натоиҷи ин ду бозӣ мавқеи дастаҳоро дар ҷадвали мусобиқот тағйир надод. Тими “Равшан”-и Кӯлоб мисли пешин бо 86 имтиёз аз 37 бозӣ дар ҷои аввал аст.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 77 имтиёз аз 33 бозӣ дар ҷои дуввум мебошад. Тими “Истиқлол”-и Душанбе, ки ҳамагӣ 28 бозӣ кардааст, бо 72 имтиёз дар ҷои севум қарор дорад.

Дастаи мизбон - “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бар тими “Хайр”-и Ваҳдат, ки аз мусобиқот хориҷ гаштааст, бо ҳисоби техникии 3:0 ғолиб ҳисобида шуд.

26-уми ноябр бозии дигари даври 43-юм миёни дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд - ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт. Ду голи дастаи "Хуҷанд"-ро Шуҳрат Умаров ва Зокир Бердиқулов ва як голи меҳмононро Обидҷон Исмоилов ба ҳадаф расонданд.

Бозии мавқуфмондаи мусобиқот байни “Гвардия”-и Душанбе - “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ғалабаи меҳмонон бо ҳисоби 2:0 ба охир расид. Голҳои "Вахш"-ро Меҳроб Заҳурбеков ва Камолҷон Ортиқов (ҷаримаи 11-метра) заданд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Фозил Сатторов (“Равшан”) бо 20 гол дар ҷои аввал аст. Комил Саидов (ССКА “Помир”) ва Габриэл Донто (“Энергетик”) 19-голӣ, Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) 18 гол, Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 17 гол, Пирмурод Бурҳонов (“Регар-ТадАЗ”/”Хайр”) ва Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”) 16-голӣ задаанд.

Бозиҳои даври охирин – 44-ум рӯзи 29-уми ноябр баргузор мешавад: “Парвоз” - ССКА “Помир”, “Энергетик” - “Истиқлол”, “Вахш” - “Равшан”. 30-юми ноябр - “Хуҷанд” - “Хайр”.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзҳои баргузории бозиҳои мавқуфмондаи мусобиқот пас аз машварат бо дастаҳо муайян хоҳад шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:


Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

"Равшан"

37

28

2

7

76-31

86

2.

"Регар-ТадАЗ"

33

24

5

4

91-24

77

3.

Истиқлол”

28

23

3

2

74-15

72

4.

"Энергетик”

34

19

3

12

71-50

60

5.

Хайр

34

17

3

14

61-41

54

6.

“Вахш”

37

15

5

17

43-432

50

7.

ССКА "Помир"

37

15

4

18

62-62

49

8.

уҷанд"

37

14

6

17

51-66

48

9.

“Парвоз

37

11

4

22

44-71

37

10.

Шодмон”

39

7

2

30

44-107

23

11.

вардия"

38

3

3

32

32-135

12

XS
SM
MD
LG