Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон 9 зина поин – 139-ум шуд


Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федератсиюни байналмилалии футбол) байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон 9 зина поин шуд ва дар ҷойи 139-ум қарор дорад.

Тоҷикистон миёни ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ аз Туркманистону Қирғизистон пеш аст.

Мавқеи дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 12.Русия. 46.Арманистон. 55.Укроин. 58.Эстония. 65.Беларус. 68.Латвия. 74. Гурҷистон. 76.Узбакистон. 94.Литва. 113. Озарбойҷон. 135. Молдова. 138. Қазоқистон. 139. Тоҷикистон. 147.Туркманистон. 188. Қирғизистон.

Дастаи миллии Испания дар феҳристи навини FIFA дар ҷои аввал аст. Ҳолланд дар ҷои дуввум ва Олмон дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Уругвай, Инглистон, Бразил, Португол, Хорватия, Итолиё ва Аргентина ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷои 20-ум қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Ҷопон (дар феҳристи ҷаҳонӣ 19-ум), Австралия (22), Кореяи Ҷанубӣ (32), Эрон (45), Чин (72), Узбакистон (76), Ироқ (81), Урдун (82), Умон (93) ва Қатар (95).

Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.
XS
SM
MD
LG