Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумо аз чӣ ҳарос доред?


Зиндагӣ дар шаҳрҳои бузург пур аз фишору тарс аст. Тарс аз таркиш, бепулӣ, сӯхтору садама, ронда шудан аз кор...

Равоншиносон чандин навъи тарсро муайян кардаанд, ки бахше аз табиати инсонӣ бармеоянд, аммо бархи дигар аз шароит ва муҳити зиндагии ҳаррӯзаи ӯ.

Эҳсоси ҳарос дар навбати худ зиндагии атрофро тағйир медиҳад. Вақте шабона дар кӯчаҳо барқу рӯшанӣ нест, раҳгузарони дерҳангом коҳиш меёбанд. Ҳангоме ки мардум аз афзоиши дуздӣ метарсанд, дар тирезаи манзилҳои мардум, ҳатто гоҳе ошёнаҳои боло панҷараҳои оҳанин пайдо мешаванд.

Аммо агар ин сӯҳбатҳои сарироҳии сокинони Душанберо бишнавед, одамон боз аз чизҳои зиёди дигаре ба ҳарос меоянд. Барои намуна, марде мегӯяд, ки ӯ аз сиёсат метарсад ва модаре ба фарзанду набераҳояш фикр мекунад, бонуе аз дасттангию беморӣ ва марде аз камбудӣ меҳаросад...

Шумо аз чӣ ҳарос доред?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00
Линки мустақим

Шарҳҳоро бинед (15)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG