Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии пешсафон бо ҳисоби бузург дар сабқати лигаи олӣ


Лаҳзае аз бозии миёни дастаҳои "Истиқлол"-у "Парвоз"
Лаҳзае аз бозии миёни дастаҳои "Истиқлол"-у "Парвоз"

Бозиҳои даври 42-юми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон бегоҳи 21-уми ноябр поён ёфтанд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар бар тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд.

Фарҳод Тоҳиров дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 7-ум ҳисобро кушод. Чаҳор голи дигарро Дилшод Восиев, Александр Кудряшов, Эраҷ Раҷабов ва Фатҳулло Фатҳуллоев дар нимаи дуввуми дидор ба ҳадаф расонданд.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ тими “Гвардия”-и Душанберо бо ҳисоби 10:0 шикаст дод. Дар ин бозӣ Нӯъмонҷон Ҳакимов хет-трик кард, яъне се гол ба самар расонд. Аҳтам Ҳамроқулов ва Сӯҳроб Эгамбердиев дуголӣ, Ҷамшед Исмоилов, Хуршед Маҳмудов ва Давронҷон Тухтасунов якголӣ заданд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:21 0:00
Линки мустақим


Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар меҳмонӣ тими “Шодмон”-и Ҳисорро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Ҳарсе гол дар нимаи аввали бозӣ зада шуд. Ду голи меҳмононро Шӯҳрат Шамсиев ва Ҳусейн Ҷалолов ва як голи мизбононро Мӯҳсиддин Мӯҳсиддинов ба самар расонданд.

Ёдовар мешавем, ки даври 42-юми мусобиқот рӯзи 20-уми ноябр дар варзишгоҳи “Политехникум”-и Душанбе бо бозии дастаҳои ССКА “Помир” ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа шурӯъ шуда буд. Бозӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт.

Назиршоҳ Ризомов, капитан ва ҳамлагари “Вахш”, дар дақиқаи 30-юм ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро аз ҷаримаи 11-метра бозигари мизбонон Илҳомҷон Ортиқов дар дақиқаи 64-ум ба ҳадаф расонд.

Дар бозии даври 42-юм дастаи меҳмон - “Равшан”-и Кӯлоб ба иллати аз мусобиқот даст кашидани рақибаш - “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб дониста шуд.

Рӯзи 23-юми ноябр дар варзишгоҳи “Политеникум”-и Душанбе бозии мавқуфмонда миёни дастаҳои ССКА “Помир” - “Вахш” боз ҳам бо ҳисоби 1:1 поён ёфт. Обидҷон Исмоилов, ҳамлагари мизбонон, дар дақиқаи 3-юм ҳисобро кушод. Назиршоҳ Ризомов, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 80-ум ҳисобро баробар кард.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот “Равшан” бо 86 имтиёз аз 37 бозӣ дар ҷои аввал аст. “Равшан” ҳамагӣ се бозии дигар дорад – як бозӣ бо “Вахш” дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва ду бозии мавқуфмонда бо “Истиқлол” дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб. Сарфи назар аз натоиҷи се бозии охирин дастаи “Равшан” ҷоизадори мусобиқот хоҳад шуд.

“Регар-ТадАЗ” бо 76 имтиёз аз 32 бозӣ дар ҷои дуввум мебошад. “Истиқлол”, ки ҳамагӣ 27 бозӣ кардааст, бо 71 имтиёз дар ҷои севум қарор дорад. Мубориза барои унвони қаҳрамонӣ миёни ин ду даста авҷ хоҳад гирифт.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Фозил Сатторов (“Равшан”) бо 20 гол дар ҷои аввал аст. Комил Саидов (ССКА “Помир”) ва Габриэл Донто (“Энергетик”) 19-голӣ, Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) 18 гол, Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 17 гол, Пирмурод Бурҳонов (“Регар-ТадАЗ”/”Хайр”) ва Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”) 16-голӣ задаанд.

Бозиҳои даври 43-юми мусобиқот 25-уми ноябр миёни дастаҳои “Энергетик” - “Шодмон”, “Регар-ТадАЗ” - “Истиқол” доир хоҳад шуд. 26-уми ноябр - “Хуҷанд” - ССКА “Помир”, “Парвоз” - “Хайр” - 3:0 (техникӣ).

Рӯзи 26-уми ноябр бозии мавқуфмондаи дастаҳои “Гвардия” ва “Вахш” барпо мегардад.

Бозиҳои даври охирин – 44-ум рӯзи 29-уми ноябр баргузор мешавад: “Парвоз” - ССКА “Помир”, “Энергетик” - “Истиқлол”, “Вахш” - “Равшан”. 30-юми ноябр - “Хуҷанд” - “Хайр” - 3:0 (техникӣ).

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзҳои баргузории бозиҳои мавқуфмондаи мусобиқот пас аз машварат бо дастаҳо муайян хоҳад шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:


Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

"Равшан"

37

28

2

7

76-31

86

2.

"Регар-ТадАЗ"

32

24

4

4

91-24

76

3.

Истиқлол”

27

23

2

2

74-15

71

4.

"Энергетик

33

18

3

12

67-48

57

5.

Хайр

33

17

3

13

61-38

54

6.

ССКА “Помир”

36

15

4

17

61-60

49

7.

"Вахш"

36

14

5

17

41-43

47

8.

уҷанд"

36

13

6

17

49-65

45

9.

“Парвоз

36

10

4

22

41-71

34

10.

Шодмон”

38

7

2

29

42-103

23

11.

вардия"

37

3

3

31

32-133

12

XS
SM
MD
LG