Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи халабонон ва таъсири он ба равобити тоҷикону русҳо


Танишҳои ахир миёни Душанбеву Маскав равобити ду миллати тоҷику рус дар ояндаи начандон дурро зери суол бурдааст.

Ҳадди ақал теъдоде аз мардум ба дунболи ин бӯҳрон дар равобити то ин замон ҳасанаи тоҷику русҳо хушбин нестанд. Зеро мегӯянд, мардуми муҳоҷири Тоҷикистон, ки то ин замон хомӯшона ҳама таҳқиру азияти миллатгароҳо ва корфармоҳои русро таҳаммул мекарданд, ин бор мисле, ки «корд ба устухонашон» расидааст.

Ва ҳатто баъзеҳо дар посух ба иқдоми ҷавобии мақомдорони Русия, ки садҳо тан муҳоҷирро бо озору азият чанд рӯз ҳабс карда ва дар ниҳояти амр ба ватанашон хориҷ мекунанд, мехоҳанд мақомоти Тоҷикистон ҳам посухи ҳамвазн, диҳанд.

Ҳатто сӯҳбати онҳо атрофи берун кашидани пойгоҳи низомии Русия аз Тоҷикистон ва бозпас гирифтани бархе иншоотии стратегии ба Русия иҷорадодаи Тоҷикистон меравад. Вале баъзеи дигар ин бӯҳронро мисли бӯҳронҳои дигар гузаро ва дар муносибати ду миллати замоне зиндагии муштаракдошта, бетаъсир мехонанд.

Навори видеоии «Озодӣ» сари сӯҳбат бо мардум дар ҳамин мавзуъ аст:

Сокинон дар бораи таниши миёни Душанбеву Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG