Ин нуктаро вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев рӯзи панҷшанбе дар Алма-Ато дар дидор бо ҳамтои русаш Анатолий Сердюков, ки дар ҳошияи нишасти вазирони дифоъи кишварҳои пасошӯравии узви СНГ доир шуд, изҳор доштааст. Оқои Сердюков ба дунбол аз ҳамтои тоҷикаш хостааст, то барои раҳоии халабони рус «гомҳои мушаххас» бардорад.
Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ таъйид кард, ки масъалаи халабонҳо дар мулоқоти Хайруллоев бо Сердуюков дар Алма-Ато баҳс шудааст, вале дар канори масоили муҳимтари ҳамкориҳои фанниву низомии ду кишвар.
Додгоҳи Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро, ки дар Афғонистон барои ширкати «Ролкан» кор мекарданд, рӯзи 8 ноябр бо ҷароими убури ғайриқонунии марз, нақзи ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва қасди қочоқ 8,5-солӣ ҳукми зиндон дод.
Ҳукми ин ду халабон боиси таниши бесобиқае дар равобити Душанбеву Маскав шуд ва мақомоти Русия зоҳиран дар посух ба ҳукми халабонҳо ба боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик пардохта, таҳдид карданд, ки шояд ҳатто вуруди мардикорони тоҷикро ба Русия манъ кунанд. Бино ба маълумоти расмӣ, танҳо баъди судури ҳукми ин ду халабон, додгоҳҳои Русия ҳукми ихроҷи беш аз 300 муҳоҷири тоҷикро баровардаанд. Як созмони муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ҷамъи тоҷикони аз 11 ноябр ба ин сӯ дастгиршударо ҳатто то 1500 нафар баршумурдааст.
АҚИБНИШИНИИ ДУШАНБЕ?
Аммо дар рӯзҳои охир чунин ба назар мерасад, ки Душанбе аз мавзеъгирии дар оғоз гӯё оштинопазираш дар қиболи ин қазия ақиб менишинад. Аз ҷумла, додситонии вилояти Хатлон, ки худ аз додгоҳи Қӯрғонтеппа барои Садовничий ва Руденко ҳукми зиндон хоста буд, ахиран ин ҳукмро «беш аз ҳадд сангин» хонда, ба додгоҳи вилоятӣ шикоят овард. Қарор аст, бознигарии парванда дар додгоҳи вилояти Хатлон ҳафтаи оянда оғоз шавад.
Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам ду рӯз пеш хабари қаблан нашршуда аз забони мақомоти додситонии Хатлон дар бораи боз шудани парванда алайҳи раҳбари ширкати «Ролкан» Сергей Полуянов ва дархости боздошти ӯ аз Русияро «овоза» номида, радд карданд.
ДУШАНБЕ БА ДУНБОЛИ ҲАЛЛИ МУСБАТ"-И ҚАЗИЯ
Ва инак, аз забони вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев, ки яке аз вузарои сароҳатан рӯ ба Маскави ҳукумати Тоҷикистон шумурда мешавад, хабари дастури президент Эмомалӣ Раҳмон ба «ҳалли мусбат»-и қазия вирди забони расонаҳо шуд.
Оё далели баъди ин қадар ба ҳам дандон нишон додани Маскаву Душанбе аз мавзеъи қаблии худ ақиб нишастани мақомоти тоҷик чист? Душанбе нахост бо сарнавишти беш аз 1 миллион муҳоҷираш дар Русия риск кунад? Ё тарси ин, ки мабодо ин таниш мунҷар ба як буҳрони сиёсӣ шуда, худи бақои ҳукумати кунунии Тоҷикистонро таҳти чолиш қарор диҳад?
Ин суолҳоро дар як гуфтугӯ бо таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов дар миён гузоштам. Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ин як навъ созиш буд, ки дар он гоми аввалро маҳз ҷониби Тоҷикистон гузошт, то аз мунҷар шудани қазия ба як буҳрони сиёсӣ пешгирӣ кунад.