Вале бадтар аз ин, ӯ намедонад, маблағи билети ҳавопайморо, ки тавассути он ба Тоҷикистон фиристода шудааст, чӣ гуна пардозад. Толибҷон Асроров мегӯяд, дар фурудгоҳи “Домодедово” бидуни ҳеҷ сабаб ӯро пас гардонда ва ба дасташ коғазеро додаанд, ки дар он чунин навишта шудааст: “бино бар сафари беасос иҷозаи вуруд ба хоки Русияро надорад.”
Толибҷон Асроров меафзояд, пас аз бозгашт ба Душанбе ширкати “Сомон-Эйр” аз ӯ талаб намудааст, ки 400 евро маблағи билетро пардохт кунад: “Ҳоло намедонам, чӣ кор кунам. Ҳатто пуле надорам, ки ба хонаамон баргардам. Ҳамин, ки аз ҳавопаймо фуромадем, ширкати “Сомон-Эйр” даъват кард ва гуфт ки 400 евро пули билетро супорам. Агар не, онҳо гуфтанд, ки аз роҳи додгоҳӣ кашида мегирем.”
Як намоянадаи ширкати “Сомон-Эйр” ки овардани номашро зарур нашуморид, гуфт, дар ҳамин рӯз онҳо шиносномаи шаҳрванд Толибҷон Асроровро баргардондаанд. Ин масъули ширкат мегӯяд, модоме ки оқои Асроров тавассути ҳавопаймои онҳо омадааст, бояд маблағи билетро пардозад ва ин ҳатмист.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сардори шӯъбаи байнулмилалии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон Мансур Орифов, ҷониби кишваре, ки муҳоҷиронро аз қаламраваш ихроҷ мекунад, яъне Русия, пули роҳро хоҳад пардохт: “Русия, ки депорт мекунад, аз ҳисоби худаш пули роҳро мепардозад. Ҳанӯз созишномае, ки бояд хароҷоти депортро Тоҷикистон пардозад, миёни ду кишвар вуҷуд надорад. Дар ин замина як санад ҳаст, вале ҳанӯз ба имзо нарасидааст.”
Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев гуфт, мақомоти Маскав, ки ҳудудан 300 шаҳрванди Тоҷикистонро дар марказҳои боздошти шаҳрвандони хориҷӣ барои депортатсияи баъдӣ нигоҳ медоранд, бояд аз ҳисоби худ ин афродро ба Душанбе фиристанд.
Вале тавре раиси созмони “Муҳоҷират ва рушд” Музаффар Зарифов ишора мекунад, дар қонунҳои байнулмилалӣ се ҳолати пардохти роҳикрои афроде вуҷуд дорад, ки аз ин ё он кишвар ихроҷ карда мешаванд. Ба қавли ӯ, “мувофиқи қонунҳои Русия бояд роҳкирои ихроҷшуда аз ҳисоби буҷаи ин кишвар пардохта шавад. Дуввум, агар муҳоҷири корӣ қонунҳои будубошро риоя накарда бошад, аз ҳисоби худи муҳоҷир ва ё хешовандонаш роҳкиро пардохта мешавад. Севвум, кордиҳанда, яъне масъули муассисае, ки муҳоҷир дар он ҷо кор мекард, бояд пули ихроҷшударо пардозад.”
Дар шароите, ки бисёриҳо ҳолати мавҷудаи муҳоҷирони тоҷикро “болои сӯхта намакоб” мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон талош доранд мардумро дар дохили кишвар ором ва рӯҳияи нигаронкунандаро аз зеҳни онҳо дур кунанд. Бархе мақомот дар бораи роҳҳои алтернативии муҳоҷирати корӣ ба кишварҳои дигар лаб мекушоянд. Сафиалло Девонаев, раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ин робита мегӯяд: “Шахсан бо вазири умури хориҷаи Белорусия созишнома дар бораи ҳамкориҳои дар бахши муҷоҳиҷират ба имзо расонидам. Яъне, ки мо роҳ кушодем ба Белорусия.”
Ҳанӯз тафсилоти ин созишнома дар даст нест ва оқои Девонаев нагуфт, ки дар кадом вақт муҳоҷирини корӣ ба ин кишвар ҷалб хоҳанд шуд. Аз рӯи иттилои ахир, рӯзи ҷумъа қарор аст, гурӯҳе аз мақомоти масъули умури муҳоҷирати Тоҷикистон ба Маскав барои ошноии бештар бо вазъи тоҷикистониҳои боздоштшуда сафар кунанд.