Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Равшан” бар ССКА “Помир” дар Душанбе


Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бар ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Ин бозии даври 41-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бегоҳи 17-уми ноябр дар варзишгоҳи “Политехникум”-и шаҳри Душанбе поён ёфт.

Наврӯз Рустамов дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 8-ум ҳисобро боз кард. Голи дуввумро бародари калонии ӯ-Маъруф Рустамов, сармураббӣ ва бозигари “Равшан”, дар замони изофӣ (дақиқаи 92-юм) аз масофаи 45-50 метр ба самар расонд.

Бояд гуфт, ки дар нимаи аввали дидор сардовар Рустам Холов (Душанбе) барои задухӯрди мутақобил ду бозигар - Хайриддин Турсунов ("Равшан")ва Шамсиддин Қосимов (ССКА "Помир")-ро аз майдон хориҷ кард.

Дар бозии дигари даври 41-ум дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ба иллати аз мусобиқот даст кашидани рақибаш - “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб дониста шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷадвали мусобиқот “Равшан”-и Кӯлоб бо 83 имтиёз аз 36 бозӣ дар ҷои аввал аст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 73 имтиёз аз 31 бозӣ дар ҷои дуввум мебошад. “Истиқлол”, ки ҳамагӣ 25 бозӣ кардааст, бо 67 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот дар ҷои севум қарор дорад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Фозил Сатторов (“Равшан”) бо 20 гол дар ҷои аввал аст. Комил Саидов (ССКА “Помир”) ва Габриэл Донто (“Энергетик”) 19-голӣ, Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) 17 гол, Пирмурод Бурҳонов (“Хайр”) ва Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 16-голӣ задаанд.

Рӯзи 18-уми ноябр дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе бозии дастаҳои “Истиқлол” (Душанбе) - “Хуҷанд” (Хуҷанд) барпо мегардад.

Ду бозии охирини даври 41-уми мусобиқот рӯзи 19-уми ноябр миёни дастаҳои “Шодмон” (Ҳисор) - “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) ва“Энергетик” (Душанбе) - “Гвардия” (Душанбе) доир хоҳад шуд. Бозиҳо соати 14 оғоз меёбанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:


Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

"Равшан"

36

27

2

7

73-31

83

2.

"Регар-ТадАЗ"

31

23

4

4

81-24

73

3.

Истиқлол”

25

22

1

2

67-13

67

4.

"Хайр"

33

17

3

13

61-38

54

5.

Энергетик

32

17

3

12

62-48

54

6.

ССКА “Помир”

34

15

2

17

59-58

47

7.

"Вахш"

34

14

3

17

39-41

45

8.

уҷанд"

34

12

5

17

45-62

41

9.

“Парвоз

34

9

4

21

38-64

31

10.

Шодмон”

36

7

2

27

39-98

23

11.

вардия"

35

3

3

29

32-118

12

XS
SM
MD
LG