Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ номзад ба мақоми раисиҷумҳури Тоҷикистон 18 сол гирифт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи шаҳри Душанбе Бобишоҳ Шоев ва сенздаҳ тан аз ҳамроҳони ӯро ба зиндон маҳкум кардааст.

Наздикони Бобишоҳ Шоев, аз чеҳраҳои шинохтаи кишвар ва раиси Корхонаи "Нафтугаз ва ангишт"-и Вазорати энержӣ ва саноат, ба ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе эътироз карда, ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурдаанд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе Бобишоҳ Шоев ва 13 ҳамроҳи ӯро ба сирқат ва ришват муҷрим шинохта, оқои Шоевро ба 18 сол ва ҳамроҳони ӯро ба солҳои мухталиф аз озодӣ маҳрум намудааст.

САИДАЛИШОҲ ОДИНАЕВ, вакили мудофеи Бобишоҳ Шоев, мегӯяд, ба муддати 18 сол равонаи зиндон кардани нафари зерҳимояаш нодуруст аст ва онҳо аз ин ҳукм комилан норозӣ мебошанд. Вай гуфт, Додгоҳи олии Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик ба бознигарии ин парванда хоҳад пардохт, аммо дар мавриди ин ки то кадом андоза даъвои онҳо ҳукмро тағйир хоҳад дод, чизе нагуфт.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:30 0:00
Линки мустақим


Додраси додгоҳи шаҳри Душанбе ШАМСИДДИН АЗИЗОВ, ки парвандаи мазкурро баррасӣ кардааст, мегӯяд, ин ҳукм ҳанӯз қувваи амал пайдо накардааст ва пас аз ба қувваи иҷро даромадани он иттилои бештар ба ихтиёри матбуот хоҳад гузошт. Ҷараёни баррасии ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе аз тариқи телевизони давлатӣ низ пахш карда шуд.

Ба ин тартиб, дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки Бобишоҳ Шоев дар тӯли солҳои 2005 - 2010 беш аз 1 миллион сомонӣ маблағи мардумро аз худ кардааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҷаноби Шоев аз хазинаи корхонаи "Нафтугаз ва ангишт" беш аз 417 ҳазор сомониро рабуда ва "барои эҳтиёҷоташ” истифода намудааст.

Яке аз сокинони Душанбе, ки худро Ҳабиб муаррифӣ кард, мегӯяд, тайи чанд соли ахир БОБИШОҲ ШОЕВ ӯро фиреб намуда, мехост иншооти ӯро соҳиб шавад: "Даҳ соли ахир Шоев маро фиреб додан мехост. Вай бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ мехост, ки иншооти маро аз худ намояд."

Аммо назидкони Бобишоҳ Шоев мегӯянд, ба ин ҳарфҳо бовар надоранд ва интизори натиҷаи баррасии шикояти даъвогиашон ҳастанд. Ба қавли ҳуқуқдонҳои тоҷик дар як даҳсолаи ахир парвандаҳои додгоҳҳо ва ҳукмҳои додгоҳҳо бештар ба масоили ришвату фасод ва сирқати моли давлату мардум марбут аст ва боздошти кормандони ниҳодҳои давлатӣ барои даст доштан дар сирқати маболиғи давлатӣ ё ришваситонӣ дар Тоҷикистон ба як амали маъмулӣ табдил шудааст.

Ҳамин тавр, собиқ директори "Нафтугаз ва ангишт"-и Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон, узви Ҳизби халқӣ-демократӣ ва собиқ узви Маҷлиси шаҳри Душанбе Бобишоҳ Шоев барои ришвату фасод ва сирқати моли давлат аз озодӣ маҳрум карда шуд. Бобишоҳ Шоев шахсест, ки номаш дар ҷомеаи Тоҷикистон дар ду даҳсолаи пеш вирди забонҳо шудааст. Зеро Бобишоҳ Шоев, аз ҷумлаи номзадҳое буд, ки дар нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991 ширкат кардааст.

Дар ин интихобот, ки бо ҳузури 11 нафар номзад баргузор шуд ва соҳибназарон онро нахустин интихоботи озоду демократӣ дар даврони пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд, Бобишоҳ Шоев дар канори РАҲМОН НАБИЕВ, ДАВЛАТИ ХУДОНАЗАР, САЙФИДДИН ТӮРАЕВ, БӮРИХОН САЛИМОВ ва дигарон ба рақобат пардохта буд.

Ҳарчанд дар ин интихобот Бобишоҳ Шоев аз ҷумлаи рақибони ношинохта буд, вале шиорҳои барномаи ғайриоддияш дар зеҳни сокинони кишвар то ҳанӯз боқӣ мондааст. Масалан, дар барномаи интихоботии вай пешниҳод шуда буд, ки аз Душанбе то ба Кӯлоб хатти ҳаракати троллейбусҳо хоҳад кашид ва Тоҷикистонро бо "нахӯд"-у "наск" таъмин хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG