Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин таҳаввулот дар қазияи халабонони рус


Рӯзи ҷумъа вакили дифоъ Ғулом Бобоев гуфтааст, ки шикояти халабонони хориҷиро ба додгоҳи таҷдиди назар ироа кардааст.

Хабаргузории “Азия-Плюс” мегӯяд, ки ариза бо дархости бознигарӣ шудани ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа нисбати шаҳрвандони Русияву Эстония Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, халабонҳои ширкати “Ролкан инвестмент” аз 50 саҳифа иборат буда, аз рӯи қонун бояд дар фосилаи байни як ҳафта баррасӣ шавад.

Бобоев таъкид кардааст, ки дар ин ариза халабонҳо ба бегуноҳии худ исрор меварзанд. Рӯзи сешанбе додгоҳ ҳукм кард, ки халабонҳои хориҷӣ барои убури ғайриқонунии марз, қочоқ ва поймолкунии қоидаи парвозҳои байналмилалӣ ба ҳашту ним соли зиндон маҳкум мешаванд.

Баробар бо содиршавии ҳукми додгоҳ, дар матбуоти русӣ атрофи ин мавзӯъ ҳангомаву валвалаи зиёд хест. Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон дар симои вазири хориҷа ва додситони кулл мухолифи ба қазия додани тобиши сиёсӣ ҳастанд, ҷониби Русия талош дорад бо истифода аз роҳҳои дипломатӣ ва изҳороти тундлаҳни вазири хориҷаву мақомоти дигари сиёсиаш, болои Душанбе фишор оварад, то ки ба тақозои Маскав, халабонҳо пурра озод ва бегуноҳ эълон шаванд.

БОЗДОШТ БО ТАЗОҚОИ АФҒОНИСТОН?

Айни замон, тибқи иттилои бахши русии Би-Би-Си, дар як изҳороте аз Кобул, мақомоти ҳавонавардии Афғонистон гуфтаанд, ки воқеан ҳам аз ҳамтоёни тоҷикистониашон дархост карда буданд, ки ҳавопаймоҳои ширкати “Ролкан Инвестмент”-ро боздошт кунанд. Аз рӯи иттилои ин манбаъ, дар хоки Афғонистон ҳафт нафар шаҳрвандони ин кишвар низ дар иртибот бо ин ширкат боздошт шуданд. Гуноҳи кормандони фурудгоҳи Кобул ин будааст, ки дар тарки хоки Афғонистон кардани ҳавопаймоҳо нақш доштаанд.

ПОПОВ ДАР МАСКАВ

Сафири Русия дар Тоҷикистон
Сафири Русия дар Тоҷикистон
Тибқи иттилои ахир, сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов шоми панҷшанбе дар мулоқоте бо раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо баррасӣ кардааст. Тавре матбуот менависад, президент Раҳмон таъкид кардааст, ки Душанбе хостори ҳалли мусолиматомези ин қазия мебошад. Мушовири сафири Русия Владимир Ваниев гуфтааст, ки раҳбари Тоҷикистон гуфтааст, ки намехоҳад ин қазия дар равобити миёни ду кишвар таъсиргузор бошад. Рӯзи ҷумъа Попов барои машварату музокира бо мақомоти вазорати хориҷаи кишвараш ба Маскав сафар кард.

Айни замон, дар иттилоияи вазорати хориҷаи Русия, ки дар сайти интернетии он нашр шудааст, гуфта мешавад, ки намояндаи расмии ин ниҳод Лукашевич рӯзи паҷшанбе дар як нишасти матбуотӣ изҳороти вазири хориҷаи Тоҷикистонро рад кардааст. Лукашевич гуфтааст, ки изҳороти Хамроҳхон Зарифӣ дар бораи он, ки гӯё сафорати Русия дар марҳилаи аввали баъди боздошти халабонҳо дар қазия ширкат накарда
Ҳамроҳхон Зарифӣ
Ҳамроҳхон Зарифӣ
танҳо баъди валвалаи матбуот ба ин раванд пайвастааст, аз ҳақиқат дур аст. Бо овардани нусхаи дархости сафорати Русия аз 17-уми май ва посухи Тоҷикистон аз 31-уми май, вазорати хориҷаи Русия хостааст дурустии иддао худро собит кунад. Лукашевич дар ниҳоят таҳдид кардааст, ки “мо тарафдори дипломатияи баландгӯ” нестем, ба вижа, вақте сухан дар бораи шарики наздики мо дар созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва дигар созмонҳо меравад.

МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ҚУРБОНИИ СИЁСАТҲО...

Дар ҳамин ҳол, дар Маскав намояндагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия матбуоти маҳаллиро ба пӯшиши беғаразу воқеъбинонаи қазияи марбут ба муҳоҷирон даъват кардаааст то аз пахши матолиби таҳрикомез худдорӣ кунанд. Намояндагони Тоҷикистон дар Маскав мегӯянд, ки шоеаи паҳнкардаи бархе нашрияҳои русӣ дар бораи он, ки гӯё шаҳрвандони Тоҷикистон дар хоки Русия боздошта шудаанд овозаву хабарҳои таҳрикомез аст. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмии хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия, ин ниҳод барои депортатсияи 100 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар хоки ин кишвар ба таври ғайриқонунӣ ба сар бурдаанд, омодагӣ мебинад.

Константин Ромадановский, раиси ин ниҳод рӯзи ҷумъа дар Маскав чунин гуфт: “Дирӯз 211 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд, ки ба қонуншиканӣ даст заданд. Эҳтимолан онҳо ҳам ба мӯҳлати аз се то панҷ сол аз ҳақи сафар ба Русия маҳрум хоҳанд шуд”.

Тибқи баъзе хабарҳо, рӯзи панҷшанбе Рамадановский дар мулоқот бо президент Медведев будааст. Дар тавзеҳи матбуоти русӣ, тасмими мазкур чун таҳдид ва интиқомгирии мақомоти Русия аз Тоҷикистон барои зиндонӣ шудани Садовничий арзёбӣ шудааст.

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз Лондон таҳлилгари пажӯҳишгоҳи Ҷейнс Дефенс Лилит Геворгян мегӯяд, ки ба эътиқоди вай, дар пушти ин ҳама моҷароҳо ҳадафҳои низомиву иқтисодӣ истодаанд, ки Тоҷикистон мехоҳад аз Русия ба даст оварад.

“Тоҷикистон бо зиндоникунии халабонҳо мехоҳад ба Русия нишон диҳад, ки аз тарзи бархӯрдаш бо Душанбе дар заминаи тавофуқоти дар пеш истодаи низомӣ розӣ нест, яъне вақте Русия ба Қирғизистони ҳамсояаш, ки дар хоки он ният дорад пойгоҳи нави низомӣ бунёд карда, бар иваз баъзе имтиёзҳои пуливу иқтисодӣ ваъда кардааст, Душанбе бар ивази тамдиди мӯҳлати пойгоҳи низомӣ дар хоки худ қариб чизе ба даст намеорад. Вале ба назари ман ин роҳи нишон додани норизоияти Душанбе чандон созанда нест, бо назардошти аҳамияти иқтисодии Русия барои садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кору фаъолият мекунанд”.

Аркадий Дубнов, таҳлилгари рус
Аркадий Дубнов, таҳлилгари рус
Вале ба андешаи як таҳлилгари рус, ки дар масоили минтақаи Осиёи Марказӣ тамаркуз мекунад, Душанбе бо муҷозоти халабонҳо мехоҳад ба баъзе ҳадафҳо даст ёбад. Аркадий Дубнов мисли бисёр дигар шореҳони рус бовар дорад, ки ҳукми Савдоничий ва Руденко барқасдона дар посух ба маҳкумияти як писари мансабдори тоҷик дар Маскав содир шудааст. Бо ин вуҷуд, мегӯяд Дубнов, амалкарди ҳарду тараф, ки бар хилофи манофеи мардум, ва пеш аз ҳама муҳоҷирони тоҷик аст, иштибоҳӣ ва кӯтоҳандешона аст. Аркадий Дубнов дар як сӯҳбати телефонӣ аз Маскав ба радиои Озодӣ чунин гуфт:

“Ба фикри ман, нарм карда гӯем, ин як каҷфаҳмӣ, агар ошкоро гӯем, иштибоҳи мақомоти Тоҷикистон аст. Онҳо як ҳодисаи хеле оддии ҳавоиро ба як низои ҷиддии наздик ба сатҳи байнидавлатӣ табдил доданд. Ман дар бораи паёмадҳои сиёсии ин ҳодиса чизе намегӯям, вале мутмаинам, ки дар ҳаёти ҳазорҳо муҳоҷир асари манфӣ хоҳад гузошт. Ман зиёд ҳаводори дипломатҳои рус нестам, фақат намефаҳмам, ки чӣ тавр дипломатҳои рус дар бораи ин қазия фақат ду моҳ баъд огоҳ шуданд? Ин як кори комилан ғайриҳирфаӣ аз ҷониби мақомҳои тоҷик аст. Дар вокуниш бошад, Русия хеле аблаҳона рафтор мекунад. Ман такрор мекунам, ки боз ҳам ин кишвар аз рӯи сенарияи гурҷӣ ҳаракат мекунад. Онҳо дубора ба фишори шаҳрвандони ин кишвар даст мезананд, ки як посухи хеле хоси русӣ мебошад. Кас аз ингуна посухҳо шарм медорад”.

Аз рӯи таҳаввулоти зуд тағйирёбанда атрофи моҷарои халабонҳои хориҷӣ ва радду бадалҳои зиёд дар матбуот ва дар сатҳи дипломатӣ ва мақомоти рус маълум аст, ки ин ҳодиса ба зудӣ ҳалли худро намеёбад. Тавре ҳоло маълум аст, агар ҳам ин қазия ба як таркиши дипломатии миёни Душанбеву Маскав табдил нашавад, осори дуру дарозе дар равобити ду кишвар, ки бе ин ҳам вақтҳои охир печидаву мушкил шудааст, хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG