Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти дуввуми Тоҷикистон аз Ҷопон бо ҳисоби бузург


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз тими миллии Ҷопон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд.

Ин бозии гурӯҳи “С” 11-уми ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури 18 ҳазор мухлис баргузор шуд.

Як голи меҳмононро Ясуюки Конно дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 36-ум зад. Шинҷи Оказаки дар нимаи дуввум ду гол (дақиқаҳои 61-ум ва 90+2) ва Риёичи Маеда як гол (дақиқаи 82-юм) ба самар расонданд.

Футболбозони тоҷик дар нимаи аввали бозӣ маҳорати хуб нишон доданд. Вале онҳо аз имконоти голзанӣ истифода карда натавонистанд. Дар дақиқаи 32-юм баъди зарбаи сахти нимҳимоятгар Дилшод Восиев аз масофаи тахминан 18 метр тӯб ба сутуни дарвозаи ҷопониҳо бархӯрд.

Бозии ҷавобии Тоҷикистону Ҷопон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00
Линки мустақим

Ин дуввумин бозии футболбозони тоҷик бо қаҳрамони феълии Осиё буд. Ёдовар мешавем, ки бозии аввал низ як моҳ пеш дар Ҷопон бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби бузурги 8:0 хотима ёфта буд.

Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон дар бозӣ бо Ҷопон ҳамагӣ 14 нафар ширкат доштанд, ки 10 нафарашон аз тими “Истиқлол”-и Душанбе буданд: дарвозабон - Алишер Тӯйчиев, ҳимоятгарон – Соҳиб Сувонқулов, Эраҷ Раҷабов, Давронҷон Эргашев, нимҳимоятгарон - Нуриддин Давронов, , Дилшод Восиев, Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Маҳмадалӣ Содиқов, ҳамлагар -Ҷаҳонгир Ҷалилов. Ду нафар – нимҳимоятгар Хуршед Маҳмудов, капитани даста ва ҳамлагар Аҳтам Ҳамроқулов, ҳарду аз тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, Комил Саидов, ҳамлагари ССКА “Помир” ва як легионер - Фарҳод Восиев аз дастаи “Шинник”-и Ярославли Русия буданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “С” мунтахаби Узбакистон дар майдони худ тими Куриёи Шимолиро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голро нимҳимоятгар Темур Кападзе (“Инчон”, Куриёи Ҷанубӣ) дар дақиқаи 49-ум ба самар расонд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Ҷопон бо 10 имтиёз дар гурӯҳи “С” дар ҷои аввал мебошад. Вале дастаи Тоҷикистон бидуни имтиёз пас аз тимҳои Узбакистон ва Куриёи Шимолӣ дар зинаи охирин – чаҳорум қарор дорад.

Бозиҳои дигари даври панҷуми сабқати гурӯҳӣ бо чунин натиҷаҳо поён ёфтанд:

Гурӯҳи “А” - Урдун – Сингапур – 2:0
Ироқ – Чин – 1:0
Гурӯҳи “В” - Кувайт – Лубнон – 0:1
Аморати Муттаҳидаи Араб – Куриёи Ҷанубӣ – 0:2
Гурӯҳи “D” - Арабистони Саудӣ – Тайланд – 3:0
Умон – Австралия – 1:0
Гурӯҳи “Е” - Қатар – Индонезия – 4:0
Баҳрайн - Эрон– 1:1
Баъди чаҳор давр мавқеи дастаҳо дар гурӯҳҳо чунин аст:

Гурӯҳи “А”
1.Урдун - 12 имтиёз, тӯбҳо 9-1
2.Ироқ - 6 имтиёз, тӯбҳо 4-2
3.Чин - 3 имтиёз, тӯбҳо 3-5
4.Сингапур - 0 имтиёз, тӯбҳо 1-9

Гурӯҳи “В”

1.Куриёи Ҷанубӣ – 10 имтиёз, тӯбҳо 11-2
2.Лубнон - 7 имтиёз, тӯбҳо 6-9
3.Кувайт - 5 имтиёз, тӯбҳо 6-6
4.АМА - 0 имтиёз, тӯбҳо 4-10

Гурӯҳи “C”
1.Ҷопон - 10 имтиёз, тӯбҳо 14-1
2.Узбакистон - 10 имтиёз, тӯбҳо 4-1
3.Куриёи Шимолӣ - 3 имтиёз, тӯбҳо 1-3
4.Тоҷикистон – 0 имтиёз, тӯбҳо 0-14

Гурӯҳи “D”
1.Австралия - 9 имтиёз, тӯбҳо 8-3
2.Арабистони Саудӣ - 5 имтиёз, тӯбҳо 4-3
3.Тайланд - 4 имтиёз, тӯбҳо 4-5
4.Умон - 4 имтиёз, тӯбҳо 1-6

Гурӯҳи “Е”
1.Эрон - 8 имтиёз, тӯбҳо 11-2
2.Қатар - 8 имтиёз, тӯбҳо 8-3
3.Баҳрайн - 5 имтиёз, тӯбҳо 3-7
4.Индонезия - 0 имтиёз, тӯбҳо 2-12

Се даста – Урдун (гурӯҳи “А”), Ҷопон ва Узбакистон (гурӯҳи “С”) сарфи назар аз натоиҷи бозиҳои ду даври охирин ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд. Тимҳои Ироқ (гурӯҳи “А”), Куриёи Ҷанубӣ (гурӯҳи “В”), Австралия (Гурӯҳи “D”), Эрон ва Қатар (гурӯҳи “E”) барои ба даст овардани роҳхатҳо ба даври баъдӣ нисбат ба рақибонашон имкони хубтар доранд.

Бозиҳои даври панҷуми сабқати интихобӣ рӯзи 15-уми ноябр баргузор мешаванд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо тими миллии Узбакистон рақобат хоҳад кард. Ин бозӣ дар варзишгоҳи марказии “Пахтакор”-и шаҳри Тошканд соати 18 оғоз меёбад.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ тими Ҷопон дар меҳмонӣ бо мунтахаби Куриёи Шимолӣ қувваозмоӣ мекунад.

Бозиҳои даври панҷум дар гурӯҳҳои дигар:

Гурӯҳи “А” - Сингапур –Чин
Урдун – Ироқ
Гурӯҳи “В” - Лубнон – Куриёи Ҷанубӣ
Кувайт – Аморати Муттаҳидаи Араб
Гурӯҳи “D” - Тайланд – Австралия
Арабистони Саудӣ – Умон
Гурӯҳи «Е” - Индонезия – Эрон
Қатар – Баҳрайн

Пас аз анҷоми бозии дастаҳои Тоҷикистон ва Ҷопон бозии лотерея баргузор шуд. Бурди олӣ - мошини сабукрави тамғаи "Жигулӣ" ВАЗ-2107 насиби мухлиси хуштолеъ, донишҷӯи Донишкадаи молиявӣ ва иқтисодии Тоҷикистон Назарбек Мастоншоев гардид.

Баъди бозии Тоҷикистону Ҷопон хабарнигори радиои Озодӣ бо Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Рустам Ҳакимов, шореҳи футболи ҳафтаномаи “Варзиш-Спорт”, Сайидраҳмон Раҳмонов, коршиноси соҳа ва Худодод Каримов, мухлиси футбол, омӯзгор аз шаҳри Ваҳдат, ҳамсӯҳбат шуд ва аз онҳо хоҳиш кард, ки дар бораи ин бозӣ андешаҳои худро баён созанд:


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:27 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG