Пайвандҳои дастрасӣ

Сабқати лигаи якуми футболи Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист.

Дар даври 29-уми мусобиқот танҳо як бозӣ миёни дастаҳои “Сабо”-и ноҳияи Шаҳринав ва “Ситора”-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд ва бо пирӯзии дастаи меҳмон - “Ситора” бо ҳисоби 2:0 поён ёфт.

Дар бозиҳои дигар ба иллати ҳозир нашудан ба сабқат дастаҳо бо ҳисоби техникӣ ё фаннӣ мағлуб дониста шуданд:

“Саройкамар” - “Данғара” -0:3 (техникӣ)
“Зарафшон” - “Румӣ” - 3:0 (техникӣ)
“Ҳосилот” - “Вахши зарнисор” - 3:0 (техникӣ)
“Рашт” - “Ҳулбук” -0:3 (техникӣ)


Ба гуфтаи Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии “Локомотив” - “Кӯктош” ба иллати набудани кормандони ҳифзи тартибот ва духтурон дар варзишгоҳ меҳмонон аз сабқат даст кашиданд ва ин ҳодиса дар кумитаи назорату ахлоқи Федератсия баррасӣ хоҳад шуд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Сайидамир Мирзоев (“Ҳулбук”) бо 21 гол дар ҷои аввал мебошад. Абдуҳалим Боронов (“Румӣ”) бо 20 гол дар ҷои дуввум аст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Ҳосилот» (Фархор) 24 16 4 4 46-20 52
2. «Ҳулбук» (Восеъ) 24 15 5 4 63-27 50
3. «Зарафшон” (Панҷакент) 23 15 5 3 49-22 50
4. “Румӣ” (Румӣ) 26 15 2 9 64-37 47
5. «Ситора” (Рӯдакӣ) 24 13 7 4 42-18 46
6. «Сабо” (Шаҳринав) 23 14 3 6 63-25 45
7. «Пахтакор» (Қубодиён) 24 11 5 8 45-37 38
8. «Саройкамар» (Панҷ) 25 10 4 11 35-36 34
9. «Вахши зарнисор» (Вахш) 24 9 6 9 41-39 33
10. «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 20 7 3 10 26-33 24
11. “Данғара” (Данғара) 24 6 5 13 27-35 23
12. “Локомотив” (Душанбе) 23 5 2 16 22-61 17
13. “Ҷавонон” (Турсунзода) 24 2 3 19 12-74 9
14. Рашт” (Рашт) 24 1 0 23 7-78 3
Даври 30-юм
12-уми ноябр (шанбе)
“Ҳулбук” - “Сабо”
“Ситора” - “Локомотив”
“Пахтакор” - “Ҳосилот”
“Рашт” - “Данғара”
“Зарафшон” - “Кӯктош” (бозии даври 22-юм)
Оғози бозиҳо – соати 14.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG