Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби Тоҷикистон барои рӯёрӯӣ бо дастаи Ҷопон


Рӯзи 8-уми ноябр дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе тамрини дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон оғоз ёфт.

Мунтахаби Тоҷикистон ба бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими миллии Ҷопон омодагӣ мебинад. Ин бозии даври чаҳоруми гурӯҳи “С”, 11-уми ноябр соати 14 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оғоз меёбад.

Фаридун Солиев, сухангӯи дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, Олимҷон Рафиков, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон, ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ 22 бозигарро аз бошгоҳҳои футболи лигаи олии кишвар даъват кардааст: 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон чунин аст:

Дарвозабонҳо – Алишер Тӯйчиев («Истиқлол», Душанбе), Миралӣ Муродов («Энергетик», Душанбе), Владимир Сисоев («Регар-ТадАЗ», Турсунзода);

Ҳимоятгарон – Давронҷон Эргашев, Эраҷ Раҷабов, Акмал Сабуров, Соҳиб Сувонқулов (ҳама – «Истиқлол»), Фаррух Чориев («Регар-ТадАЗ»), Идибек Ҳабибуллоев (“Хайр”, Ваҳдат), Аҳтам Назаров (“Энергетик”).

Нимҳимоятгарон – Ҷаҳонгир Ҷалилов, Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Маҳмадалӣ Содиқов (ҳама – «Истиқлол»), Хуршед Маҳмудов, Ҷамшед Исмоилов (ҳарду - «Регар-ТадАЗ»), Абдусамад Ҳоҷибоев («Энергетик»);

Ҳамлагарон – Комил Саидов (ССКА «Помир»), Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”).

Ба иттилои Фаридун Солиев, рақиби дастаи мунтахаби Тоҷикистон - тими миллии Ҷопон, ки дар ҳамин ҳол дар Қатар тамрин мекунад, шоми 9-уми ноябр тавассути ҳавопаймо бо хатсайри махсус ба Душанбе меояд.

10-уми ноябр соати 12 дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” нишасти матбуотӣ бо ширкати Олимҷон Рафиков, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва Алберто Дзаккерони, сармураббии тими миллии Ҷопон дар назар аст.

Нархи билет барои тамошои бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҷопон 10 сомонӣ буда, ин билети даромад ба варзишгоҳ, инчунин, билети лотереяи молӣ ба шумор меравад. Бурди олии лотерея мошини сабукрави “Жигули-2107” мебошад.
XS
SM
MD
LG