Ҷоизаи AIBA ба муштзани ҷавони тоҷик 24-уми ноябр дар маросими ботантанаи мукофотсупорӣ дар шаҳри Лондон тақдим хоҳад шуд.
Асрор Воҳидов дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон, ки моҳи июли соли равон дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона баргузор шуда буд, дар рақобатҳо дар вазни то 48 кило бо медали тилло мукофотонида шудааст.
Асрор, инчунин, дар риштаи муҳорибаи тан ба тан низ соли гузашта ба унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасон мушарраф гашта буд.
Дар комёбиҳои Асрори 15-сола саҳми устодаш Додобек Фатҳуллоев, мураббии варзидаи бокс, арзанда мебошад. Ба гуфтаи устодаш Асрор дар риштаи бокс ҳамагӣ 55 қувваозмоӣ карда, бар ҳамаи рақибонаш дастболо шудааст.
Бо устоди дараҷаи байнулмилалӣ Асрор Воҳидов, хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи рақами 6-и шаҳри Исфара ва устодаш Додобек Фатҳуллоев, мудири мактаби варзишии кӯдакону наврасони захоири олимпии рақами 2, хабарнигори Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд сӯҳбат орост.