Ин бозӣ шоми 4-уми ноябр дар варзишгоҳи “Qatar Sports Club”-и шаҳри Доҳа бо ҳузури 200 тамошогар баргузор шуд. Ду голи Тоҷикистонро Шавкати Ҳотам дар дақиқаҳои 19-ум ва 49-ум ва Фирӯз Раҳматов дар дақиқаи 83-юм ба самар расонданд.
Ду бозии дигари даври чаҳорум дар гурӯҳи “В” бо чунин натиҷаҳо ба поён расид: Баҳрайн –Урдун 0:3, Кувейт-Бутан 1:0.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ораз Назаров бозии даври аввалро ба тими Баҳрайн бо ҳисоби 0:4 бохта, дар даври дуввум бар мунтахаби Бутан бо ҳисоби 6:0 пирӯз шуда буд.
Дар бозии даври саввум футболбозони ҷавони тоҷик аз дастаи Кувайт бо ҳисоби 0:1 ва дар даври чаҳорум аз тими Урдун бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуда буданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки бо 6 имтиёз дар ҷои панҷум қарор гирифт, аз роҳхат ба сабқати ниҳоӣ маҳрум гашт. Дастаҳои Урдун ва Қатар, ки бо 10 имтиёзӣ дар гурӯҳи "В" мутаносибан ҷойҳои якуму дуввумро соҳиб шуданд, ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Дар сабқати интихобии Ҷоми Осиё 42 даста дар 7 гурӯҳ рақобат мекунад. Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба сабқати ниҳоӣ роҳ меёбад. Ҳамчунин ду дастаи беҳтарини ҷойҳои саввум аз минтақаҳои “Ғарб” ва “Шарқ” ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегирад.
Ба ин тартиб дар сабқати ниҳоӣ соли оянда 16 даста барои дарёфти унвони қаҳрамони Осиё миёни ҷавонони то 19-сола талош хоҳад кард.