Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати дастаи мунтахаби Ҷопон муайян шуд


Дастаи мунтахаби Ҷопон
Дастаи мунтахаби Ҷопон

Алберто Дзаккерони, сармураббии тими миллии Ҷопон, ҳайати дастаро дар бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тимҳои Тоҷикистон ва Куриёи Шимолӣ муайян кард.

Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Ҷопон 11-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Алберто Дзаккерони, мутахассиси итолиёвӣ, ба ҳайати дастаи мунтахаби Ҷопон 23 бозигарро даъват кардааст: 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 5 нимҳимоятгар ва 7 ҳамлагар. Дар байни онҳо 11 нафар легионерҳо ҳастанд, ки дар бошгоҳҳои футболи Белгия, Хорватия, Итолиё, Олмон, Ҳолланд ва Инглистон бозӣ мекунанд. Бозигарони дигар дастаҳои футболи Ҷопонро намояндагӣ мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ба ҳайати дастаи мунтахаби Ҷопон, ки дар бозии сабқати интихобӣ 11-уми октябр дар майдони худ бар тими миллии Тоҷикистон бо ҳисоби бузурги 8:0 ғолиб шуда буд, се футболбози нав - дарвозабон Каито Ямамото («Симидзу С-Палс»), ҳимоятгар Атсуто Учида («Шалке», Олмон) ва ҳамлагар Риочи Маеда («Ҷубило Ивата») даъват шудаанд.

Вале Кейсуке Хонда, нимҳимоятгари ССКА-и Маскав, ки пас аз латхӯрӣ табобат меёбад, дар ин бозиҳо дар ҳайати дастаи мунтахаби Ҷопон бозӣ намекунад.

Ба иттилои Федератсиюни футболи Тоҷикистон, ҳайати варзишии Ҷопон тавассути ҳавопаймо бо хатсайри махсус ду рӯз пеш аз бозии Тоҷикистон ва Ҷопон ба Душанбе меояд. Инчунин ба Тоҷикистон омадани мухлисони футбол ва беш аз 120 хабарнигори ҷопонӣ дар назар аст.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Ҷопон:
Дарвозабонҳо: Эйдзи Кавасима («Лерс», Белгия), Каито Ямамото («Симидзу С-Палс»), Сюсаку Нисикава («Санфречче Хиросима»);
Ҳимоятгарон: Юити Комано («Жубило Ивата»), Ясуюки Конно (ФК «Токио»), Юдзо Курихара («Йокогама Ф. Маринос»), Масахико Иноха («Хайдук Сплит», Хорватия), Юто Нагатомо («Интер», Италия), Томоаки Макино («Кёлн», Олмон), Мая Ёсида («ВВВ-Венло», Ҳолланд), Атсуто Учида («Шалке», Олмон);
Нимҳимоятгарон: Ясухито Эндо («Гамба Осака»), Кэнго Накамура («Кавасаки Фронтале»), Юки Абэ («Лестер Сити», Инглистон), Макото Хасэбэ («Волфсбург», Олмон), Хадзимэ Хосогай («Аугсбург», Олмон);
Ҳамлагарон: Риочи Маеда («Ҷубило Ивата»), Таданари Ли («Санфречче Хиросима»), Синдзи Окадзаки («Штутгарт», Олмон), Майк Хавенаар («Ванфоре Кофу»), Синдзи Кагава («Боруссия Дортмунд», Олмон), Хироси Киётакэ («Сересо Осака»), Гэнки Харагути («Урава Редс»).
Сармураббӣ – Алберто Дзаккерони (Италия).
XS
SM
MD
LG