Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии пайравони сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев


Ҳафт пайрави Маҳмуд Худойбердиев, ки ба озодӣ баромадаанд. Дар назди бинои додгоҳи вилояти Хатлон. Шаҳри Қӯрғонтеппа, якуми ноябри соли 2011
Ҳафт пайрави Маҳмуд Худойбердиев, ки ба озодӣ баромадаанд. Дар назди бинои додгоҳи вилояти Хатлон. Шаҳри Қӯрғонтеппа, якуми ноябри соли 2011

Ҳайати мушовараи Додгоҳи Олии Тоҷикистон 7 пайрави сарҳанги исёнгар Маҳмуд Худойбердиевро бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод кард.

Маҳкумшудаҳо ҳукми озодии худро, ки аз сӯйи додраси Додгоҳи Олӣ Уроқов ироа шуд, бо кафкӯбиҳо истиқбол карданд: «Тибқи моддаи 10-уми қонуни афв… чораи пешгирии маҳкумшудагон Саидқул Эшонқулов, Қудратулло Қодиров, Шамсиддин Ғуломов, Раҷабалӣ Ғафуров, Икром Турахонов, Ҳокимҷон Донаев ва Умаралӣ Қурбонзода тағйир дода шуда, онҳо фавран аз толори маҷлиси судӣ аз ҳабс озод карда шаванд…»

1-уми сентябри соли ҷорӣ додгоҳи вилояти Хатлон ин 7 нафар сокинони навоҳии Вахшу Румиро дар пайравӣ аз гурӯҳи сарҳанги ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев муттаҳам дониста, ҳар якеро барои 14 сол маҳкум ба зиндон карда буд. Онҳо бар асоси 5 банди кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла «ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ», «бандитизм», «ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ», «бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудан ё нигоҳ доштани ҳокимият» ва «баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ» айбдор карда шудаанд.

Шоҳрух Раҷабов
Шоҳрух Раҷабов
Вале Шоҳрух Раҷабов, намояндаи додситонии вилояти Хатлон, ба радиои Озодӣ гуфт, додситонии минтақа нисбат ба ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон эътироз оварда, аз додгоҳи таҷдиди назар хоста буд, бо ин вуҷуд ки ҳамдастии ин гурӯҳи 7-нафара бо Маҳмуд Худойбердиев собит гардида, ҷиноёти кори дасти онҳо «вазнин» ва «махсусан вазнин» унвон мешавад, афроди муттаҳам тибқи қонуни афв бояд озод карда шаванд.

Ҷаноби Раҷабов ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон алайҳи афроди муттаҳамро «нодуруст» арзёбӣ мекунад: «Аз тарафи суди вилояти Хатлон қонуни ҷиноятӣ нодуруст татбиқ шудааст. Яъне ба ҷойи он, ки суд талаботи моддаи 10, қисми 2-юми қоуни афвро тадбиқ намуда, парвандаи ҷиноятиро дар пешбурд қатъ менамуд, суд талаботи моддаи 13-и ҳамин қонунро истифода бурда, аз ҷазои таъйиннамуда бо ҳукмаш 2 солашро кам кард. Аз ин рӯ, мо ба ҳукми суди вилоят эътироз оварда, бекор намудани онро аз коллегияи судӣ хоҳиш намудем.»

Вакилони мудофеи афроди муттаҳам аз додгоҳи таҷдиди назар хоста буданд, ки нафарони зерҳимояташон бегуноҳ шинохта шуда, ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон лағв гардад. Аммо адвокат Абдураҳмон Тӯраев мегӯяд: «Аз аввал шикояти мо дар он хусус буд, ки гуноҳи нафарони таҳти ҳимояи мо дар суд исбот нашуда, ҳукми суд ноодилона буд. Мо аз додгоҳи зинаи болоӣ хоҳиши бекор кардани ҳукми суди Хатлонро карда будем. Аммо ҳоло бо эътирози овардаи прокуратура ризо буда, аз таъиноти коллегияи суди олӣ қонеъ ҳастем, чунки даъвои мо эътироф карда шуд.»

Икром Тӯрахонов, ки бо ҳукми додгоҳи таҷдиди назар ба озодӣ расид, мегӯяд, вай ба бегуноҳии худ бовар дошт, аммо мутмаин набуд, ки додгоҳ ҳукми одилона содир хоҳад кард. Вай афзуд, 10 моҳи пушти панҷараи зиндон будан барояш мисли як аср буд ва ҳоло мехоҳад дубора ба ҳаёти мулкӣ баргардад: «Аз ин ҷо, ки баромадам, Худо хоҳад, бо дастгирии давлату ҳукумат кор хоҳам кард. Ман роҳбари як ҷамъияти масъулияташ маҳдуд дар ноҳияи Румӣ ҳастам, ки ба коркарди пахта сарукор мегирад. Мехоҳам корро аз нав эҳё намуда, барои пешравии Тоҷикистон ва зиндагии аҳли хонавода талош кунам.»

Саидқул Эшонқулов
Саидқул Эшонқулов
Саидқул Эшонқулов, ки низ тибқи қонуни афв ба озодӣ расид, аз толори мурофиа берун шуду гуфт, оғӯши гарми фарзандони хурдсол, ки ба дидори ӯ омадаанд, беҳтарин ҳадя барояш будааст. Вай то замони боздошташ дар хадамоти «Муҳофиза»-и вазорати корҳои дохилӣ ифои вазифа мекардааст ва ҳоло мехоҳад ба ҷойи кори қаблиаш баргардад: «Миннатдорам, ки мо – одамони роҳгумзадаро афв карданд. Ҳоло мехоҳам ҳамроҳи фарзандон бошам, ба хонаи падар рафта, дуои ӯро бигирам. Корманди орган будам. Агар қабул кунанд, дубора ба ҷойи корам, ки дар хадамоти «Муҳофиза» аст, бармегардам. Агар қабул накунанд, боз ягон роҳи дигари пешбурди зиндагиро ҷустуҷӯ хоҳам кард.»

Дилбар, ҳамсари Саидқул Эшонқулов мегӯяд, ба истиқболи раҳоии шавҳараш аз маҳбас имрӯз дар хона дастархон ороста, ҳама ақрабояшро ба меҳмонӣ хоҳад хонд: «Аз ҳаяҷони зиёд намедонам чӣ гӯям. 10 моҳ боз ҳамроҳи фарзандон интизори ҳукми суд будем. Хайрият, ки ҳақиқат будааст. Метарсидам, ки 14 сол бо фарзандон чӣ рӯзгор хоҳем дошт, онҳоро чӣ тавр тарбия мекунаму ба воя мерасонам. Ҳарчӣ ки ҳамсарам озод шуд. Ҳоло ба хона рафта, хешу таборро ҷамъ карда, ош мепазему хурсандӣ мекунем.»

Дилбар, ҳамсари Саидқул Эшонқулов
Дилбар, ҳамсари Саидқул Эшонқулов
Вакилони мудофеъ мегӯянд, барои якумин бор аст, ки афроди муттаҳам дар ҳамдастӣ ё пайравӣ аз сарҳанги шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев дар Тоҷикистон мавриди афв қарор гирифта, ба озодӣ мерасанд.

Дар банди 10-уми қонуни афв зикр шудааст, ки парвандаҳои ҷиноятӣ алайҳи шахсоне, ки дар исёнҳои мусаллаҳонаи солҳои 1997-1998 дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи марказ ва вилояти Суғд иштирок намудаанд, бояд қатъ карда шаванд.

Ҳадафи давлат аз афви иштирокдорони ҳамлаҳои мусаллаҳонаи гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев дар поёни солҳои 90-ум, муҳайё кардани шароит барои баргаштани онҳо ба зиндагии осоишта ва ба ин восита, хунсо кардани як манбаъи хатар ба амнияти кишвар унвон мешавад.

То имрӯз наздик ба 100 нафар пайравони Худойбердиев, ки дар маҳбасҳо нигоҳдорӣ мешуданд, мавриди афв қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG