Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Александр Лукашенко ба Душанбе омад


Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус рӯзи панҷшанбе дар раъси як ҳайати баландпоя вориди Тоҷикистон шуд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмонони белорусиро нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва дигар мақомоти расмӣ истиқбол карданд.

Қарор аст дар нимаи дуввуми рӯзи ҷумъа, дар қасри «Миллат» мулоқоти раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Белорус доир шавад. Интизор меравад, дар ин мулоқот, масоили мухталифи марбут ба равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Белорус мавриди баҳсу баррасӣ қарор бигиранд.
Қарор аст созишномаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар низ ба тасвиб бирасанд.

Ҳамчунин мулоқоти раис ҷумҳури Белорус бо раиси МН Шукурҷон Зуҳуров ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии ба номи Муҳаммад Осимӣ дар назар аст.

Сафари Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Белорус ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл ӯ хостори ихроҷи ҳамсоякишвари Тоҷикистон- Узбакистон аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) шуда буд.

Ба эътиқоди раҳбари Белорус, ҳоло “Узбакистон бозии сегоник анҷом медиҳад ва ба ин далел наметавонад узви СПАД бошад.”

Ҷаноби Лукашенко мушаххасан дар бораи “бозиҳои сегоники” Узбакистон тавзеҳ надода, вале ишораи ӯ зоҳиран ба тавсеъаи равобити Узбакистон бо Ғарб аст, ки бисёреро дар СПАД нороҳат кардааст.

Раиси ҷумҳури Белорус, дар дидораш бо руасои парлумонҳои кишварҳои узви СПАД рӯзи 26 октябр дар Минск ҳамчунин гуфта буд, ки ҳалли масъалаи таҷдиди назар дар мавриди узвияти Узбакистон дар ин созмон хеле муҳим аст.

Гардиши коло дар нуҳ моҳи гузашта миёни Тоҷикистон ва Белорус 52,8 миллион мебошад, ки аз он 9,7 миллион долларашро колои содиротии Тоҷикистон ва 43,1 миллион доллари дигарро колои воридотӣ аз Белорусия ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG