Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Театри "Аҳорун": Бист соли дарбадарӣ...


Эҳтимол баъди як ҳафтаи дигар "Аҳорун" аз бинои кунуниаш дар синамотеатри "Горкий" низ маҳрум шавад.

Сабоҳат Қосимова, раҳбари бадеии театр мегӯяд, як ҳайат аз шаҳрдорӣ омада, гуфтааст, ки бар пояи нақшаи кулли пойтахт бояд дар ҷои театр боғчаи бачагона сохта шавад.

Хонум Қосимова афзуд, ин вазъ кормандони театрро боз дар ҳолати навмедӣ ва номуайянӣ қарор додааст: "Зиёдтар интизор будем. Ҳоло ҳам интизор ҳастем. Солҳост, ки интизорӣ мекашем. Дар Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе ҳамасола солҳои ахир биноҳои фарҳангӣ, мактабҳо, боғчаҳо ва даҳҳо биноҳои дигар бунёд мекунанд. Мешунавему мебинему хурсанд мешавем. Мо ҳам интизор ҳастем, ки як рӯз навбати театри «Аҳорун» ба номи Муҳаммадҷон Қосимов мерасад. Имрӯз ба умед ҳастем. Одам ба умед зинда аст."

Ҳайати шаҳрдорӣ пас аз муроҷиати кормандони театр ба шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар мавриди таъмири бинои театр омадааст, аммо гуфтааст, то як ҳафтаи дигар тасмим хоҳанд гирифт, ки театр дар куҷо кор кунад. Ҳоло "Аҳорун" дар синамотеатри собиқ "Горкий", воқеъ дар маҳаллаи Яккачинори Душанбе, ҷойгир аст ва вазъи хеле ногувор дорад, ки барои фаъолияти эҷодӣ аслан ҷавобгӯ нест.

Эраҷи Амон, хабарнигори тоҷик
Эраҷи Амон, хабарнигори тоҷик
Эраҷи Амон, рӯзноманигори тоҷик, ки дар бораи "Аҳорун" матлаб менависад, мегӯяд, ҳолати бинои театр хеле нигаронкунанда аст, аммо он чӣ мавриди зикр бояд бошад, фаъолияти он аст, ки дар чунин шароит идома дорад: "Театри "Аҳорун" дар куҷо воқеъ аст? Дар як чаҳордевори фарсуда, ки мизу курсиҳояш шикаставу якпаҳлу шудаанд. Ҳатто сақфи бинои шикоф шуда, поён меояд. Аммо бо вуҷуди ин камбудиҳо кормандони театр кор мекунанд, то ба мардум чизе бидиҳанд, ё онҳоро беҳтар кунанд."

Воқеан, толори бузурги синамотеатр вайрону валангор аст ва бештар партовгоҳи чӯбу тахтаҳои нодаркор ва лонаи навъҳои гуногуни хазандаҳоро мемонад. Деворҳои даруну беруни он аз замони Шӯравӣ ба ин сӯ рӯи таъмирро надидаанд. Бо ин вуҷуд, ҳунарпешагони театр мегӯянд, ҳамчунин вазъро таҳаммул мекунанд, аммо бебиноиро на.

Нарзуллои Сайфулло, ҳунарманди театр мегӯяд, бидуни шароит низ ин ҷо фаъолиятҳои эҷодӣ идома доранд: "Ҳарчанд маоши ночиз дорем. Шароити кориамон хеле бад аст. Як ҷо - ним ҷоеро, ки мебинед, бо нерӯи худ таъмир кардаем. Аммо кор ин ҷо кайфият дорад. Саҳар мехезаму медонам, ки ҷои кор дорам. Мехоҳам тезтар оям. Ин ҷо тамрин мекунем, баҳсҳо мешаванд, намоишнома омода мекунем. Фикр мекунем, кор мекунем. Агар биноямонро гиранд, намедонем чӣ кор хоҳем кард."

Саҳобиддин, яке аз донишҷӯён, ки дар ин театр таҷриба меомӯзад, мегӯяд, он чӣ ба ӯ хуш омадааст, муҳити театр аст, ки устодон ва ҳунармандони хубу меҳрубон дорад: "Як мақол ҳаст: сураташро чӣ кунам, чун надорад сирате. Бале, театри мо шароит надорад, сурат надорад, аммо сирати зебо дорад."


"Аҳорун" соли 1990 дар пайи ҷудо шудани як гурӯҳ ҳунармандони театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва бо кӯшишҳои коргардони маъруф Фаррухи Қосим ба вуҷуд омад. Онро нахустин театри ҳирфаӣ бо сабку усули нави классикӣ пас аз пошхӯрии Шӯравӣ меҳисобанд, ки пас аз аввалин намоишномааш дар садри рейтинги театрҳои Тоҷикистон қарор гирифт.

Коршиносон мегӯянд, намоишномаи "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон" дар оғози солҳои 90-ум навъе идомаи бедории миллӣ маҳсуб мешуд, ки театри миллии тоҷикро бо чеҳраи дигар муаррифӣ кард. Ба қавли онҳо, ин намоишнома на фақат дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ хатти машйи театрҳои миллиро дигар кард.

Сабоҳат Қосимова мегӯяд, намоишнома баёнгари таҳаввулоти таърихие буд, ки пас аз фурӯпошии Шӯравӣ дар Тоҷикистон ба вуҷуд омаданд:
"Барои чӣ Фаррухи Қосим намоишномаро "Юсуфу Зулайхо", "Қиссаи Юсуф" ном накард, балки "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон" ном кард? Ин танҳо аз бозгашти Юсуфи зебо нест, балки бозгашти забону фарҳанги тоҷикӣ ва ҳуввияти тоҷикӣ пас аз 70 соли Шӯравӣ аст, ки то дараҷае гум шуда буд."

"Аҳорун" ҳамчунин бо намоишномаҳои дигараш, аз қабили "Исфандиёр", «Даҷҷол», «Шайхи Санъон», «Шоҳ Фаридун», «Имтиҳон», «Зардушт» дар саросари ҷаҳон, бавижа Белгия, Ҳолланд, Эрон, Русия, Ӯзбакистон, Полша театри Тоҷикистонро муаррифӣ карда, соҳиби ҷоизаҳои байнулмилалӣ шуд. Худи Фаррухи Қосим ба Ҷоизаи Бунёди байнулмилалии шоҳзодаи Ҳолланд Клаус ноил гардид. Ӯро аз беҳтарин эҷодкорони дунё унвон каранд, ки дар эҷодиёти худ қолибҳоро шикаста, мактаби махсуси театрӣ ба вуҷуд овард ва фарҳанги муосири тоҷикро бо решаҳои суннатияш пайванд дод.

Барзуи Абдураззоқ, коргардони шинохтаи тоҷик
Барзуи Абдураззоқ, коргардони шинохтаи тоҷик
Аммо дар авҷи фаъолияти эҷодии худ Фаррухи Қосим соли 1998 ба сактаи мағз ва бемории фалаҷ гирифтор шуд. Пас аз ин дар ҳайати гурӯҳи эҷодии театр низ тағйирот ба вуҷуд омад. Чор тан аз ҳунармандони маъруфи он, ба шумули Қурбони Собир ва Нозим Меликов «Аҳорун» - ро тарк карданд. Фаррухи Қосим бо вуҷуди маризӣ намоишномаи «Қиссаи ишқ» - ро омода кард, ки як гуна синтези қиссаҳои «Лайливу Маҷнун» ва «Ромео ва Ҷулетта» буд. Ин намоишнома дар ҷашнвораи «Парасту» соҳиби ҷоиза шуд, аммо, ба қавли коршиносон, охирин дастоварди «Аҳорун» буд.

Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик мегӯяд, шоҳкориҳои Фаррухи Қосим таркише дар минтақаро мемонданд, ки то ба ҳол садояш дар гӯшҳо нишаставу аз дилҳо намеравад: "Фаррух коргардони бузург буд. Ин қадар шикаст хӯрд. Як муддати дароз азияти маризиро кашид. Аммо заҳмат кашид. Мо дӯст набудем. Аммо фақат «Юсуф» - аш меарзад, ки ҳайкали тиллоии ӯро дар маркази Душанбе гузорем. Шахсан ман ин корро мекардам, агар тилло медоштаму ҳуқуқ медоштам."

Коршиносон мегӯянд, «Аҳорун» бар пояи шахсияти Фаррухи Қосим он театре буд, ки мардум мешиносад, аммо ҳоло даврони бӯҳрониро аз сар мегузаронад, ки бешак, набуди шароити корӣ яке аз сабабҳояш аст.
Қурбони Собир, собиқ ҳунарманди "Аҳорун" ва ҳоло корманди театри Лоҳутӣ, муаллифи китоби «Фаррухнома» мегӯяд: "Ҳозир ҳам дар кӯчаву бозору хиёбон маро намегӯянд, ки дар дигар ҷо кор мекунам. Ҳатман мепурсанд, ки «Аҳорун» чӣ ҳол дорад. 12 сол аст, ки он ҷо кор намекунам. Мефаҳмед? Ҳеҷ кас қабул намекунад, ки дар дигар ҷо кор мекунам. Ҳатто дар театри Лоҳутӣ кор мекунам, аммо кормандони ин театр ҳам қабул надоранд, ки ман корманди Лоҳутӣ ҳастам. Ҳатман мегӯянд, ки ман аз «Аҳорун» - ам. Гӯё «Аҳорун» дар пешонии ман навишта шудааст. Аммо барои ман маълум нест, ки 10 сол боз онҳо чӣ кор мекунанд. Ман ягон кори нави «Аҳорун» - ро надидаам. Он «Аҳорун»-е, ки ман медонам, нест. Ин «Аҳорун» - и дигар аст. Фарқ ин аст, ки он замон Фаррухи Қосим буд, ҳоло нест."

Шодравон Фаррух Қосимов
Шодравон Фаррух Қосимов

Оқои Собир мегӯяд, "Аҳорун" мактаби бузург ва сарвати фарҳангии миллати тоҷик аст ва бо вуҷуди камбудиҳо ҳамчун театр бояд боқӣ монад.
Бо ин вуҷуд, «Аҳорун» - и Фаррухи Қосим тайи 21 соли мавҷудият натавонистааст барои худ биное пайдо кунад. Синамотеатри «Горкий» охирин биное нест, ки барои «Аҳорун» тахсис дода мешавад. Ин театр аввал дар бинои Кумитаи мудофиаи шаҳрвандӣ ё ДОСААФ, сипас Боғи Ленин, ҳоло Рӯдакӣ, бӯстонсарои ҳукуматӣ, бинои Иттиҳоди нависандагон фаъолият кард. Дар замони ҷанги дохилӣ ҳукумат ба «Аҳорун» бинои ЭКОМПТ, ҳозира Кохи Ваҳдатро пешниҳод намуд, аммо Фаррухи Қосим онро қабул накард.

Сабоҳат Қосимова сабабҳои ин тасмими шавҳарашро чунин шарҳ дод:
"ЭКОМПТ-ро қонунӣ ба «Аҳорун» доданд. Аммо Фаррухи Қосим гуфт, барои театр ҳамчунин саҳна умуман зарур нест. Он хеле бузург аст, пур карда намешавад. Мо онро чӣ кор мекунем? Фаррух мехост саҳна дар мобайн бошад ва тамошобинонон аз давру бар бошанд. Мо аз он ҷо баромада, рафтем."

Бинои кунунии театри "Аҳорун" дар маҳаллаи Яккачинори шаҳри Душанбе
Бинои кунунии театри "Аҳорун" дар маҳаллаи Яккачинори шаҳри Душанбе
Хонум Қосимова мегӯяд, биное, ки Фаррух Қосим мехост, бинои даврашакли Додгоҳи Олӣ буд, ки аз нигоҳи ӯ, комилан ба талаботи театр ҷавобгӯ буд. Соли 2004 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар яке аз мулоқотҳояш дастур дод, ки ба театри «Аҳорун» бино дода шавад. Шаҳрдории Душанбе соли 2005 расман бинои синамотеатри «Горкий» - ро дар ихтиёри театр гузошт. Сабоҳат Қосимова мегӯяд, дар санади шаҳрдорӣ гуфта шудааст, ки синамотеатр пас аз таъмир бояд супорида шавад. Аммо бо гузашти 6 сол бино таъмир нашуд. Аз рӯи ҳисобу китоби соли 2005 барои таъмири бино ҳудуди 6 миллион сомонӣ зарур будааст.
Имрӯз дар Душанбе театрҳои давлатии ба номи Лоҳутӣ, театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, опера ва балети ба номи С. Айнӣ, театр-студияи ҳаҷви муосири «Оина» фаъолият мекунанд, ки ҳамагӣ бинои худро доранд, ба истиснои «Аҳорун». Ин театр ва ҳам «Оина» аз сӯи шаҳрдории Душанбе сармоягузорӣ мешаванд.

То лаҳзаҳои омода шудани ин гузориш дар шӯъбаи фарҳанг ва ҳам раёсати меъмории ҳукумати шаҳри Душанбе касе омода нашуд, ки дар бораи «Аҳорун» бо мо сӯҳбат кунад. Дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба далели он, ки театр дар ихтиёри ҳукумати пойтахти аст, низ тавзеҳ надоданд. Танҳо як манбаъ дар шаҳрдорӣ, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт, соли 2014 90 — солагии шаҳри Душанбе таҷлил мешавад ва эҳтимолан то он ҷашн барои «Аҳорун» низ биное хоҳанд сохт.



Аммо Барзуи Абдураззоқ мегӯяд, барои «Аҳорун» муҳимтар аз ҳама таҳияи намоишномаҳои нав ва таҷдиди фаъолият аст: "Кори аз ҳама беҳтарин барои театри «Аҳорун» даъват кардани дӯстони Фаррухи Қосим аз саросари Осиёи Марказӣ аст. Агар онҳо маро ҳам дӯсти худ хонанд, ба ин кор ман ҳам ҳамроҳ мешавам ва ба ин театр кӯмак мерасонам. Олимҷон Салимов, Баҳодур Юлдошев, Набӣ Абдураҳмоновро аз Узбакистон, Булат Атабоевро аз Қазоқистон, дӯстони ӯро аз Қирғизистону Туркманистон метавон даъват кард. Худоё! Чӣ қадар коргардонҳои зиёде ҳастанд, ки омодаанд бо маоши кам ва танҳо ба хотири Фаррух ҳар сол ду-се намоишнома гузоранд. Ин даврони шукуфоии театр хоҳад буд. Пул нест? Гапи беҳуда. Барои Фаррух ва зинда кардани номи Фаррухи бузург ин пулро ёфтан мумкин аст."

Ба ҳамин минвол, бехонагиву дарбадарӣ аз оғоз бо ҳар сабабу баҳона ба сарнавишти «Аҳорун» табдил ёфта, то андозае сарнавишти «Юсуфи гумгашта» - ашро нусхабардорӣ кардааст. Коршиносон мегӯянд, азбаски бо ҳамин ҳол тайи 20 сол шоҳкориҳо ба вуҷуд овард, мақомот ҳам шояд ба умқи ин мушкил нарафтаанд, ки ниҳоят ин театри овозадор бояд сарпаноҳе дошта бошад.
XS
SM
MD
LG