Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

"НАТО намехоҳад барои ҳамеша дар Афғонистон бимонад"


Муншии умумии НАТО таъкид кард, ки ин паймон намехоҳад ба таври доимӣ дар Афғонистон боқӣ бимонад.

Андерс Фог Россмуссен ба хабаргузории Олмон гуфтааст: «Мо дар Афғонистон ба таври рӯшан пешрафтҳоеро мушоҳида мекунем. Вазъияти амниятӣ ба таври умумӣ пешрафт намудааст ва Толибони мусаллаҳ дар ҳарҷои ин кишвар таҳти фишор қарор доранд.»

Муншии умумии НАТО ин изҳоротро чанд рӯз баъд аз ҳамалоти тундравони мусаллаҳ ба сафорати Амрико, раёсати амнияти миллии Афғонистон ва марокизи НАТО дар минтақаи комилан ороми Кобул, ки дар натиҷаи он 6 тан кушта ва 12 тани дигар ҷароҳат бардошт, баён намуд.

Даргирӣ дар маҳалли атрофи сафоратхонаи Амрико
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:33 0:00
Линки мустақим


Россмуссен дар мавриди ин ҳамалот гуфт, ҳамлаҳо муваффақона набуданд ва тундравон ин ҳамлаҳоро фақат ба он хотир анҷом доданд, ки таваҷҷуҳи расонаҳоро ҷалб кунанд ва нерӯҳои мусаллаҳи афғон ба таври муассир дар баробари ин ҳамлаҳо иқдом карданд. ИМА шабакаи Ҳаққониро ба даст доштан дар ин ҳамлаҳо муттаҳам кард.

Ҷаноби Россмуссен гуфт: «Мо ҳама мехоҳем, ки пешрафтҳоро дар майдони амал бубинем, зеро мо чунин ирода надорем, ки барои ҳамеша дар Афғонистон боқӣ бимонем.»

Дар моҳи июли имсол пулис ва нерӯҳои амниятии афғон масъулиятҳои амниятии 7 минтақаро аз қувваҳои хориҷӣ ба даст гирифтанд. Қарор аст то поёни соли 2014-и мелодӣ, тамоми ин масъулиятҳо ба дӯши нерӯҳои амниятии афғон супурда шаванд.

Муншии умумии НАТО гуфт, ки дар ин моҳ ва ё моҳи оянда дар мавриди супурдани масъулиятҳои амниятии бархе аз вилоятҳо ва манотиқи дигар ба қувваҳои афғон тасмим гирифта хоҳад шуд, ки ба ин тартиб нерӯҳои афғон масъулиятҳои амниятии 50 дарсад аҳолии кишварашонро ба дӯш хоҳанд гирифт. Россмуссен гуфт, тарбияти нерӯҳои афғон баъд аз соли 2014 низ идома хоҳад ёфт.

Дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон беш аз 130 ҳазорн аскари хориҷӣ фаъолият мекунад, ки бештари онро сарбозони амрикоӣ ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG