Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи буҷаи 2012 дар порлумон. Чиро интизор шавем?


Гурӯҳи бузурги сокинони Тоҷикистон бори зиндагияшонро ба сахтӣ мекашанд...
Гурӯҳи бузурги сокинони Тоҷикистон бори зиндагияшонро ба сахтӣ мекашанд...

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи буҷаи соли 2012-ро барои баррасӣ ба порлумони кишвар пешниҳод кардааст.

Бино ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон маблағи буҷаи соли оянда аз буҷаи соли равон бо миқдори 1 миллиарду 800 миллион сомонӣ бештар буда, дар соли оянда ба бахши иҷтимоиёти кишвар бештар афзалият дода шудааст.

Яъне, бар асоси ин тарҳ ҳудуди 50 дарсади буҷаи соли 2012 ба бахшҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии сокинон ихтисос хоҳад ёфт.

Исмоил Талбаков, муовини раиси ҲКТ ва узви Маҷлиси намояндагон мегӯяд, "Беш аз 50 дарсади буҷаи соли оянда ба соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илм бахшида мешавад.ва даромади давлат барои беҳбудӣ ҳамин соҳа равона карда мешавад."

Ин дар ҳолест, ки бар пояи иттилои Вазорати молияи кишвар мувофиқ ба тарҳи буҷаи соли 2012 буҷаи соли ояндаи соҳаи маориф дар муқоиса ба соли равон 32 дарсад ва бахши тандурустӣ 42 дарсад, соҳаи илм бошад 20 дарсад бештар будааст.

Аммо иқтисоддони тоҷик Давлати Усмон мегӯяд, тақрибан ҳар сол ҳукумати Тоҷикистон, вақте ки буҷаро қабул мекунад ҳатман аз ин нукта суистифода мекунад. Вай мегӯяд, ин хоси кишварҳои ҷаҳони сеюм аст, ки барои нигоҳ доштани эътибори худ дар ҷомеаҳои фақири худ аз "афзоишҳо" ҳарф мезананд.

"Бештар ин афзоишёбиҳо ҳамчун таблиғ ҳамчун кӯшишҳои давлат истифода мешавад, аммо ин ҳеҷ натиҷае надорад. Муфлисшавӣ ин фоизҳоеро, ки мегӯянд зиёд карда мешавад, мехӯрад. Вақте буҷаи як соҳа 15 дарсад афзоиш дода мешавад ва муфлисшавӣ ҳам, ки 15 дарсад аст, чӣ фоида? Ҳеҷ натиҷае дида намешавад",-гуфт оқои Усмон.

Ба қавли ин иқтисоддони тоҷик, ягона маблағи бузурге, ки вориди Тоҷикистон мешавад ва ба буҷа таъсири мусбат дорад, ин пули муҳоҷирони корӣ мебошад, вале он ҳам бинобар адами истеҳсоли дохилӣ барои харидории маводи лозима дубора ба хориҷи кишвар меравад.

Бо ин ҳол, агарчӣ ҳукумати Тоҷикистон дар буҷаи соли ояндаи худ мегӯяд, ки бахши иҷтимоии кишвар ба сурати умум афзоиш дода мешавад, вале ҳанӯз рӯшан нест, ки манобеи ҷамъоварии ин маблағҳо аз кадом сарчашмаҳо мебошад. Ба гуфтаи иқтисоддонҳо, ин суоли аслие аст, ки бояд ҳукумат аз ҳоло рӯшанӣ андозад.
XS
SM
MD
LG