Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон 29 зина боло - 124-ум шуд


Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федератсиюни байнулмилалии футбол) байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон 29 зина боло шуд ва дар ҷойи 124-ум қарор дорад.

Тоҷикистон миёни ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ аз Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон пеш аст.

Мавқеи дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 13-ум (13-ум буд) Русия. 44 (71) Арманистон. 56-ум (41) Беларус. 58 (86) Эстония. 60 (48) Укроин. 64 (63) Гурҷистон. 74 (84) Латвия. 75 (56) Литва. 79 (82) Узбакистон. 97 (112) Озарбойҷон. 122 (88) Молдова. 124 (153) Тоҷикистон. 132 (126) Қазоқистон. 140 (141) Туркманистон. 178 (177) Қирғизистон.

Дастаи миллии Испания дар феҳристи навини FIFA боз ба ҷои аввал баромад. Ҳолланд дар ҷои дуввум ва Олмон дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Уругвай, Португол, Итолиё, Бразил, Инглистон, Хорватия ва Аргентина ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷои 18-ум қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Ҷопон (дар феҳристи ҷаҳонӣ 15-ум), Австралия (19), Кореяи Ҷанубӣ (29), Эрон (50), Чин (73), Узбакистон (79), Урдун (85), Арабистони Саудӣ (97), Кувайт (99) ва Қатар (100).

Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.
XS
SM
MD
LG