Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори тоҷик – дар ҷои севум


Давлаталӣ Шамсов
Давлаталӣ Шамсов

Давлаталӣ Шамсов, хабарнигори телевизиони вилоятии «Хатлон», дар дави марафонии кайҳонӣ дар шаҳри Королёви вилояти Маскави Русия дар гурӯҳи бузургсолони то 60-сола барандаи медали биринҷӣ гардид.

Вай дар пойга ба масофаи 42 километру 195 метр, ки бо ширкати беш аз 2000 варзишгар аз 17 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, бо натиҷаи 4 соату 18 дақиқаю 2 сония мақоми севумро касб кард ва бо медали биринҷӣ, ифтихорнома ва чангкашаки «Энергия» (маҳсулоти корхонаи таҷҳизоти кайҳонӣ) сарфароз гашт.

Давлаталӣ Шамсов бо эъломи ин хабар аз шаҳри Королёви Русия тавассути телефон ба «Озодӣ» гуфт, вай дар ин мусобиқа бо кӯмаки молии Ҳамид Абдуллоев, раиси шаҳри Кӯлоб, ширкат варзид ва ҳоло ба Гран-прии ҷаҳонии дави кӯҳӣ «Ҳафт теппа”, ки 16-уми октябр дар шаҳри Маскав доир мешавад, омодагӣ мебинад.

Давлаталӣ Шамсови 59-сола, ки узви Созмони хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон мебошад, барои бори ҳаштум дар дави марафонӣ ширкат дошт.

Натиҷаи беҳтаринаш пеш аз ин мусобиқа 4 соату 12 дақиқаю 01 сония буд, ки соли 2010-ум дар дави марафонӣ дар пойтахти Русия нишон додааст. Ӯ соли гузашта низ мақоми севумро касб карда буд.

Ба гуфтаи оқои Шамсов ба борони сахт нигоҳ накарда, ширкаткунандагони марафони имсола, ки мақоми байнулмилалиро касб кардааст, натоиҷи баланд нишон доданд.

Давлаталӣ Шамсов, инчунин, хабар дод, пас аз анҷоми ин мусобиқа ба ӯ барои ширкат дар марафони байнулмилалӣ, ки 25-уми марти соли 2012-ум дар шаҳри Барселонаи Испания баргузор мешавад, даъватнома супурда шуд.
XS
SM
MD
LG