Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз Покистон хост, гурӯҳи Ҳаққониро маҳв кунад


Давлати Амрико имрӯз аз Покистон хост, “бо қатъи ҳар иртиботе, ки бо гурӯҳи тундрави Ҳаққонӣ дорад”, паноҳгоҳҳои ин гурӯҳро дар марзи Афғонистону Покистон нобуд кунад. Ин баёнияи Ҷей Карнӣ, сухангӯи Кохи Сафед баъди он садо дод, ки Майк Муллен, раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико гуфт, Ай Си Ай, Хадамоти ҷосусии Покистон, шабакаи Ҳаққониро ба ҳайси як абзор барои расидан ба ҳадафҳояш истифода мекунад. Шабакаи мазкур, хашинтарин ва бузургтарин ҷиноҳи гурӯҳи Толибон аст ва гуфта мешавад, 15 ҳазор азъо дорад. Майкл Муллен ҳамчунин гуфт, ин ҷангҷӯёни Ҳаққонӣ будаанд, ки бо кӯмаки Ай Сӣ Ай, рӯзи 13 сентябр ба сафорати Амрико дар Кобул ҳамла карданд. Дар вокуниш ба ин вазири умури хориҷии Покистон гуфт, агар Амрико интиқоди ошкори амалкардҳои Исломобод дар ҷанг бо тундравонро идома диҳад, мумкин аст, ин муттаҳиди худро аз даст бидиҳад.
XS
SM
MD
LG