Натоиҷи бозиҳо чунин аст:
"Гвардия" (Душанбе) - ССКА “Помир” (Душанбе) – 1:7 (бозии аввал - 0:8)
"Шодмон" (Ҳисор) - "Вахш" (Қӯрғонтеппа) - 0:1 (бозии аввал - 0:4)
“Хайр” (Ваҳдат) - “Кӯктош” (Рӯдакӣ) - 5:0 (2:1).
Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб ба иллати ҳозир нашудан ба бозии ҷавобӣ бо «Энергетик»-и Душанбе (бозӣ мебоист дар шаҳри Норак барпо мегардид) бо ҳисоби техникии 0:3 мағлуб дониста шуд. Дар бозии аввал “Равшан” дар майдони худ бо ҳисоби 3:2 ғолиб омада буд.
Инчунин бозии ҷавобии даври севум ё чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуд: "Ҳулбук" (Восеъ) - "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) – 1:0 (бозии аввал - 0:3).
Ба ин тартиб дар чаҳорякфинал (рӯзҳои 27-уми сентябр ва 1-уми октябр) “Вахш” бо “Хайр” ва ССКА “Помир” бо “Энергетик” бозӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои масъулини Федератсиюни футболи Тоҷикистон дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2010, бидуни рақобат ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Зеро ки рақибаш - дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров аз қувваозмоӣ дар даври чаҳорякниҳоӣ бо “Истиқлол”даст кашид.
Дар даври ниманиҳоӣ “Истиқлол” бо ғолиби ҷуфти ССКА "Помир"/"Энергетик" ва “Регар-ТадАЗ” бо ғолиби ҷуфти "Вахш"/"Хайр" рақобат хоҳанд кард.