Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии мавқуфмондаи даври 10-уми мусобиқот 12-уми сентябр дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар бар тими меҳмон - “Гвардия”-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 9:1 ғолиб омад.
Ҳаким Ҳамроҷонов, бозигари “Гвардия”, дар дақиқаи 4-уми дидор ҳисобро боз кард. Вале баъдан ташаббусро мизбонон комилан ба даст гирифта, дар нимаи аввали бозӣ 4 гол ва дар нимаи дуввум 5 гол ба самар расонданд.
Чаҳор голи “Истиқлол”-ро Фарҳод Тоҳиров, се голи дигарро Юсуф Рабиев ва 2 голро Иброҳим Рабимов заданд.
Ба иттилои Олимҷон Рафиков, сармураббии тими “Истиқлол”, ин бозӣ барои қаҳрамони Тоҷикистон охирин санҷиш пеш аз сафари даста ба Тайван буд. Вай афзуд, “Истиқлол” барои ширкат дар сабқати ниҳоии Ҷоми раиси AFC (Конфедератсиюни футболи Осиё) 16-уми сентябр озими Тайван мешавад.
Ёдовар мешавем, ки сабқати ниҳоӣ аз 19-ум то 25-уми сентябр дар Тайван дар ду гурӯҳ баргузор хоҳад шуд: гурӯҳи “А”: "Тайван Пауэр" (Тайван), "Балкан" (Туркманистон), "Истиқлол" (Тоҷикистон), гурӯҳи “В”: "Нефтчӣ" (Қирғизистон), "Яданарбон" (Мянмар), "Пномпен Краун" (Камбоҷа).
19 сентябр. “Пномпен ” – “Нефтчӣ” (16:00), “Истиқлол” – “Тайван” (19:00)
21 сентябр. “Балкан” – “Истиқлол” (16:00), “Яданарбон” – “Пномпен” (19:00)
23 сентябр. “Нефтчӣ” – “Яданарбон” (16:00), “Тайван” – “Балкан” (19:00)
25 сентябр. Финал: ғолиби гурӯҳи “В” – ғолиби гурӯҳи “А” (19:00)
Дар бозии мавқуфмондаи даври 23-юми сабқати лигаи олӣ дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар майдони худ тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Тӯбро Илҳомҷон Баротов дар дақиқаи 76-ум ба дарвозаи меҳмонон ворид кард.
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Комил Саидов (ССКА “Помир”) ва Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) бо 16-голӣ пешқадаманд. Фозил Сатторов ("Равшан") ва Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”) 15-голӣ задаанд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
"Равшан" - "Регар-ТадАЗ"
"Вахш" - "Энергетик"
"Хайр" - "Шодмон"
Оғози бозиҳо – соати 16.30

Ҷой |
Дастаҳо |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
И |
1. |
"Равшан" |
25 |
19 |
2 |
4 |
47-20 |
59 |
2. |
"Истиқлол" |
21 |
18 |
1 |
2 |
59-12 |
55 |
3. |
"Регар-ТадАЗ" |
23 |
17 |
3 |
3 |
60-18 |
54 |
4. |
"Хайр" |
26 |
14 |
3 |
9 |
46-27 |
45 |
5. |
"Энергетик" |
25 |
13 |
2 |
10 |
48-40 |
41 |
6. |
ССКА “Помир” |
25 |
12 |
1 |
12 |
47-45 |
37 |
7. |
"Хуҷанд" |
25 |
9 |
4 |
12 |
33-45 |
31 |
8. |
"Вахш" |
24 |
8 |
1 |
15 |
24-32 |
25 |
9. |
"Парвоз" |
26 |
7 |
3 |
16 |
27-51 |
24 |
10. |
"Шодмон" |
26 |
5 |
2 |
19 |
27-62 |
17 |
11. |
"Гвардия" |
26 |
2 |
2 |
22 |
20-86 |
8 |
Даври 30-юм
20-уми сентябр (сешанбе)
"Равшан" - "Регар-ТадАЗ"
"Вахш" - "Энергетик"
"Хайр" - "Шодмон"
Оғози бозиҳо – соати 16.30