Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орзуҳои кӯдакони даврони истиқлол


Ҳоло дар бораи истиқлол бештар онҳое сӯҳбат мекунанд, ки қисми зиёди умри худро дар Шӯравӣ гузаронидаанд.

Вале насле, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба дунё омада ва пой бар ҷодаи мушкилгузари зиндагӣ ниҳодаанд, дар бораи он чӣ назаре доранд ва чӣ орзуҳое мекунанд?

Барои фаҳмидани орзуву дарди дили кӯдакон наворбардори "Озодӣ"
ба яке аз кӯдакистонҳои пойтахти Тоҷикистон рафт. Баробари дидани наворбардор бештари кӯдакон дар атрофи он гирд омаданд ва ҳар кадоме омода буданд, ки орзуи худро бигӯянд.

Яке мехост, ки волидонаш барои ӯ лӯхтак бихаранд. Дигаре мегуфт, ҳарчанд аз падараш хостааст, то барои ӯ пойафзол биёрад, вале наовардааст.

Чанд кӯдаке ҳам буданд, ки орзу доштанд, то ҳарчӣ зуд падарашон аз Русия ба назди онҳо бозгардад ва соябони сари онҳо бошад. Дигаре ҳам мегуфт: "Дадаҷонам телефон мекунад. Мегӯяд, ки духтарҷонам хубӣ? Бароят чӣ барам?" Он гурӯҳи кӯдаконе ҳам кам набуданд, ки орзуи табиб шудан ва ё соҳибилм гардиданро дар дил мепарваранд.

Барои дидану шунидани орзуҳои ширини кӯдакони даврони Истиқлол ин наворро бубинед:

Орзуҳои кӯдакони даврони Истиқлол
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG