Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 дирам ба ивази заҳмати наврасони пахтачин


Бо вуҷуди таъкидҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳанӯз ҳам гурӯҳе аз наврасон ба ҷамъоварии пахта ҷалб мешаванд.

Анзурат Сафарова ва фарзандонаш, ки дар таъмини маишати зиндагии худ ба пули бештаре ниёз доранд, дар зери гармои офтоб дар ноҳияи Ҳисор пахта мечинанд. Ӯ мегӯяд, бар ивази як кило пахтаи чидаи худ ҳамагӣ сӣ дирам мегиранд, ки кофӣ нест.

Вале ӯ афзуд, агар ниёз ба ғӯзапоя намедоштанд, ҳамроҳи фарзандонаш ба чиниши пахта намебаромаданд: "Барои як кило пахта 30 дирам медиҳанд. Вале мо 60 сотих заминро ба иҷора гирифтаем ва ӯҳдадорем, ки 2 тоннаву 250 кило пахтаро ба давлат супорем. Албатта, 30 дирам хеле кам аст, вале бо заҳматҳои зиёд ин пахтаро мисли кӯдак ба воя расонидем ва агар начинем, ҳайф мешавад."

Хонум Сафарова ҳамроҳи духтар ва писараш пахта мечинад, ки яке ду сол қабл фориғуттаҳсили мактаби миёна шуда ва дигарӣ имсол

бояд мактабро хатм мекунад. Писари ӯ мегӯяд: "Пеш аз дарс ва ё баъди он омада пахта мечинам. Ба хотири эҳтироми модарам пахта мечинам. Ба ҳар як кило пахта 30 дирам медиҳанд, ки ҳатто барои харидории либоси мактабӣ ҳам намерасад. Масалан, дар дигар ноҳияҳо Шаҳринав, Турсунзода барои чидани як кило пахта 1 ё 1,5 сомонӣ медиҳанд. Мо бо модарамон танҳо ба хотири ғӯзапоя, ки барои нонпазӣ хеле муҳим аст, пахта мечинем."

Ҳар сол бо шурӯи мавсими чиниши пахта мушкили ҷалби хонандагони мактаб ва донишҷӯён ба ҷамъоварии ҳосили он низ вирди забонҳо мегарадад. Аммо сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон Ноилшоҳ Нуралиев мегӯяд, ҷалби муҳассилин мувофиқи қонун мамнӯъ аст: "Тибқи моддаи 26-и Қонун «Дар бораи маориф» ҷалб кардани мактаббачагон, донишҷӯён ва аспирантон ба корҳои саҳроӣ манъ аст. Аз ҳамаи намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ хоҳиш мекунем, ки ҷиҳати иҷроиши ин қонун тадбирҳои амалӣ андешанд."

Бо вуҷуди талаботи ин банди қонун "Дар бораи маориф" муҳассилини макотиби миёна ва ҳам бархе аз донишҷӯён ба чиниши пахта ҷалб мешаванд. Анзурат Сафарова мегӯяд, ҳангоми чиниши якум ва дуюми пахта аз нерӯи хонандагон истифода накунад ҳам, дар давраи сеюми чиниш ҳатман мактабачагон ба чидани пахта ҷалб мешаванд.

Фаррух Саидов, устоди факулати иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бар ин аст, ки иҷро нашудани ин қонун ҷанбаи

иқтисодӣ дорад. Ӯ мегӯяд, "аз сабаби он ки барои чидани пахта хеле пули ночиз медиҳанд, мардум ҳавасманд нестанд. Бинобар ин, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз меҳнати арзони ноболиғон истифода мекунанд. Агар пули хуб диҳанд барои чиниши пахта, ҳеҷ кас ба Русия ба мардикорӣ ҳам намеравад."

Созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар Тоҷикистонро барои истифода аз нерӯи кӯдакон барои корҳои душворе мисли пахтачинӣ борҳо танқид кардаанд. Ба дунболи ин, ба ширкатҳои бузурги ғарбӣ низ тавсия шудааст, ки аз харидории пахтае, ки ба ивази заҳмати кӯдакон ҷамъоварӣ мешавад, худдорӣ намоянд.

Навиштаи Абдулло Ашӯров
XS
SM
MD
LG