Ин бозии гурӯҳи “С” 6-уми сентябр дар варзишгоҳи “Янггакдо”-и пойтахти Куриёи Шимолӣ, ки дорои 30 ҳазор ҷои нишаст мебошад, бо ҳузури 27 ҳазор тамошогар баргузор шуд.
Голро дар дақиқаи 14-уми нимаи аввали бозӣ Пак Нам Чол ба самар расонд.
Ба ҳайъати тими миллии Тоҷикистон таҳти раҳбарии Олимҷон Рафиков 31 нафар шомил буданд, ки 23 нафарашон футболбозанд:
дарвозабонҳо - Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Алишер Додов, Владимир Сисоев (ҳарду - «Регар-ТадАЗ»);
ҳимоятгарон - Давронҷон Эргашев, Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Сувонқулов, Акмал Сабуров, Умед Ҳабибуллоев, Одил Эргашев (ҳама - «Истиқлол»), Сафаралӣ Каримов, Фаррух Чориев (ҳарду - «Регар-ТадАЗ»);
нимҳимоятгарон - Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Маҳмадалӣ Содиқов, Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Нуриддин Давронов (ҳама - «Истиқлол»), Хуршед Маҳмудов («Регар-ТадАЗ»), Илҳомҷон Ортиқов (ССКА «Помир»);
ҳамлагарон - Наврӯз Рустамов («Равшан»), Нӯъмонҷон Ҳакимов («Регар-ТадАЗ»), Юсуф Рабиев, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду - «Истиқлол»).
Ҳимоятгар Фарҳод Восиев, ки роҳбарони бошгоҳи футболи «Шинник» ӯро танҳо барои бозӣ бо тими миллии Узбакистон ҷавоб дода буданд, боз ба шаҳри Ярославли Русия баргашт.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуввум бо тими миллии Куриёи Шимолӣ бо чунин ҳайъат ба майдон омад: Алишер Тӯйчиев – Даврон Эргашев, Соҳиб Сувонқулов, Эраҷ Раҷабов, Умед Ҳабибуллоев – Иброҳим Рабимов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Хуршед Маҳмудов – Юсуф Рабиев (капитани даста).
Бозигарони эҳтиётии даста инҳо буданд: Акмал Сабуров, Алишер Додов, Дилшод Восиев, Фарҳод Тоҳиров, Фаррух Чориев, Илҳомҷон Ортиқов, Маҳмадалӣ Содиқов, Наврӯз Рустамов, Нӯъмонҷон Ҳакимов, Одил Эргашев, Сафаралӣ Каримов ва Владимир Сисоев.
Дар дақиқаи 65-ум ба ҷои Иброҳим Рабимов ва Фатҳулло Фатҳуллоев ҳамдастаҳояшон аз тими "Истиқлол" Маҳмадалӣ Содиқов ва Дилшод Восиев ба майдон омаданд. Инчунин, дар дақиқаи 87 Юсуф Рабиевро ҳамлагар Фарҳод Тоҳиров иваз кард. Дар ин бозӣ ду нафар аз тими мунтахаби Тоҷикистон Соҳиб Сувонқулов (дақиқаи 14) ва Нуриддин Давронов (дақиқаи 34) аз ҷониби сардовар Минҳ Три Во (Вйетнам) корти зард гирифтанд. Яъне, ба таври расмӣ огоҳонида шуданд. Ҳамчунин, бозигари мизбонон Ҷонг Ҳёк Ча дар дақиқаи 28-уми бозӣ корти зард гирифт.
Ёдовар мешавем, дастаи Куриёи Шимолӣ дар даври аввал дар сафар аз тими Ҷопон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буд. Тими мунтахаби Тоҷикистон низ бо ҳамин ҳисоб дар майдони худ аз тими миллии Узбакистон мағлуб гашта буд. Ҳоло дар гурӯҳи "С" Ҷопону Узбакистон чор имтиёзӣ ва Куриёи Шимолӣ се имтиёз ба даст овардаанд. Вале мунтахаби Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.
Бозии дигари даври дуввум, ки дар гурӯҳи "С" миёни дастаҳои Узбакистон ва Ҷопон бегоҳи 6-уми сентябр дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, бо ҳисоби 1:1 поён ёфт. Голҳоро Сарвар Ҷепаров (дақиқаи 8) капитани тими Узбакистон ва Оказакии ҷопонӣ (дақиқаи 65) заданд.
Натоиҷи бозиҳои дигари сабқати гурӯҳӣ чунин аст: :
Таиланд-Умон -- 3:0 (2:0)
Лубнон – Аморати Муттаҳидаи Араб -- 3:1 (1:1)
Урдун – Чин -- 2:1 (0:0)
Индонезия – Баҳрайн -- 0:2 (0:1)
Сингапур – Ироқ -- 0:2 (0:0)
Қатар – Эрон -- 1:1 (0:0)
Кувайт – Куриёи Ҷанубӣ -- 1:1 (0:1)
Арабистони Саудӣ - Австралия -- 1:3 (0:1)
Ба ин тартиб баъди натиҷагирии ду даври сабқати интихобӣ мавқеи дастаҳо дар гурӯҳҳо чунин аст:
Гурӯҳи "А" -- Урдун 6 имтиёз, Чин ва Ироқ 3-имтиёзӣ, Сингапур 0 имтиёз
Гурӯҳи "В" -- Куриёи Ҷанубӣ ва Кувайт 4-имтиёзӣ, Лубнон 3 имтиёз, АМА 0 имтиёз
Гурӯҳи "D" -- Австралия 6 имтиёз, Таиланд 3 имтиёз, Умон ва Арабистони Саудӣ якимтиёзӣ
Гурӯҳи "Е" -- Эрон ва Баҳрайн 4-имтиёзӣ, Қатар 2 имтиёз ва Индонезия 0.
Тақвими бозиҳои минбаъдаи дастаи Тоҷикистон чунин аст:
11 октябр: Ҷопон - Тоҷикистон
11 ноябр: Тоҷикистон - Ҷопон
15 ноябр: Узбакистон - Тоҷикистон
29 феврали соли 2012: Тоҷикистон - Куриёи Шимолӣ